Имрӯз 11-уми марти 2021 ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Муассисаи давлатии “Театри вилоятии мусиқӣмазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов”-и шаҳри Бохтарнамоишномаи достони «Бежан ва Маижа», аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»и Абулқосим Фирдавсӣ тамошо карданд. Намоиш мазкур дар таҳияи Ҷумъа Қудус ва Қурбонзода Баҳром аз ҷониби ҳунармандони театр ба ҳозирин пешкаш карда шуд.

Муҳтавои достони “Бежан ва Манижа” меҳрварзии паҳлавони эронӣ ва духтари шоҳи Турон мебошад. Бежан ҳамроҳи Гурзин барои маҳв кардани гурозон меравад. Баъд аз анҷоми кор ба марғзоре дар марзи Эрону Турон меоянд. Дар ин марғзор духтари Афросиёб бо ҳамроҳонаш базм ороста буд. Бежан ва Манижа ҳамдигарро мебинанду дар дилашон меҳр пайдо мекунанд. Манижа Бежанро ба қасри худ мебарад. Дарбориён ба шоҳи Турон Афросиёб хабар мерасонанд. Афросиёб Бежанро дастгир мекунад ва ӯро чун маҳбус ба чоҳе меафканад. Манижаро аз қаср меронад. Рустами достон Бежанро аз чоҳ раҳо карда, ҳамроҳи Манижа ба Эрон мебарад. Ҳамин тавр ин достони лирикӣ дар саҳнаи театр ба тамошобинони сершумор хуш омад.

Ҳунармандони театр бо ҳунарнамоии ҷолиб ва ҳиссиёти баланд намоишномаро пешниҳоди омӯзгорону донишҷӯён ДДБ ба номи Носири Хусрав гардониданд.

Маркази таҳлилӣиттилоотии ДДБ