Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2021 озмун эълон менамояд: 

1. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №563 «Оид ба тасдиқ намудани Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд», таъсис дода шудааст. 

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои зерин бо ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд:

– натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки дар номгўи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд;

– коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

3. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун бо суроғаи дар поён овардашуда аз санаи 3 март то санаи 2 июни соли 2021, соати 17:00 сурат мегирад. 

4. Довталабони синни то 35 сола ҳуқуқи иштирокро дар озмуни мазкур доранд. 

5. Нишондиҳандаҳои корҳои пешниҳоднамудаи довталабони ҷоиза дар соҳаи илм ва техника тибқи бандҳои 7, 8, 9 ва 10 Низомномаи ҷоиза (замима мегардад) қабул карда мешаванд.

6. Ҳамаи асноди дар банди 7, 8, 9 ва 10 Низомномаи ҷоиза бояд ба таври расмӣ тасдиқ шуда бошанд. 

7. Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз доираи Низомномаи ҷоиза тавассути суроғаи зерин дастрас намоед:

– шаҳри Душанбе, кўчаи Варзишгарон-6;

– телефон барои тамос (+37) 2360117, 2363726, 904066074

– email: info@javononvavarzish.tj, diloshub.rozikov@mail.ru

Эзоҳ: ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешавад.