Имрӯз 12-уми марти соли 2021 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба таъсисёбии Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ” конференсияи илмӣамалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар рушди илму адаби тоҷику форс» баргузор гардид, ки дар он Фирӯзи Шарифӣмуовини раиси вилояти ХатлонДавлатзода Сайфиддин Хайриддинректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, меҳмонономӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Нахуст, меҳмононро дар саҳни донишгоҳ пешвоз гирифтааз Маркази илмӣтаҳқиқотии “Мавлоношиносӣи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, шинос намуданд.

Дар оғоз сухани табрикотии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ қироат шуд. Гуфта шуд, ки адиби маъруф, орифи тавоно Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, аз симоҳои бузурги илмӣ, ирфонӣ ва фалсафаи ҷаҳонӣ буда, дар олами Ғарб бештар бо номи Мавлавии Румӣ ёд карда мешавад.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар хотимаи суханронии худ қайд кардандки «Маркази илмӣ тадқиқотии “Мавлоношиносӣ» дар маркази вилояти Хатлон ҳамчун макони муқаддас ва эҳтиром ба гузаштагон дар ташвиқу тарғиби бузургони миллат ва дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавон заминаи боэтимод мегузорад.

Сипас, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, сухани табрикии худро бахшида ба таъсисёбии Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ” расонид.

Дар конференсияи мазкур оид ба “Вижагиҳои маҷозӣ ва услубии воҳидҳои фразеологии ғазалиёти Ҷалолуддини Балхӣ”, тариқи онлайн маърӯзаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷущурии Тоҷикистон Саломиён Маҳмаддовуд шунида шуд.  

Ҳамчунин, оид ба “Қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» дар ҳафт шаҳри ишқи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» маърӯзаи доктори илмҳои филологӣпрофессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Элбоев Вафо,  “Маълумоти аввалин шарҳи «Маснавии маънавӣ» дар бораи Хода Абулвафои Хоразмӣ” маърӯзаи профессори Донишигоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Султонӣ Тоҷибой, “Назаре ба мафҳуми «най» дар садри «Маснавӣ»и Мавлавӣ” маърӯзаи профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Тағоймуродов Рустам, “Таносуби андешаҳои Мавлоно ва Носири Хусрав” маърӯзаи  мудири кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи МНазаршоев Беҳронов Ҷумъа баромад намуданд.

Рафти конференсияро ҳайати профессорону омӯзгорони дигар донишгоҳҳо низ тариқи онлайн тамошо намуда дар баҳси илмӣ ширкат варзиданд.

Конференсияи мазкур аз 3 бахш ибора буда дар бахши адабиётшиносӣ, зери роҳбарии  В. Элбоев, доктори илмҳои филологӣпрофессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 26 мавод, бахши забоншиносӣ, зери роҳбарии Ҷ. Саидов, мудири кафедраи забони тоҷикӣ 11 мавод ва бахши таърих, фалсафа ва сиёсатшиносӣ, роҳбари бахш Давлаталӣ Алимов, номзади илмҳои таърихдотсентмудири кафедраи таърихи умумии донишгоҳ  11 мавод баррасӣ мегардад.  

Ҷаласаи бахшҳо давоми 2 рӯз кори худро давом медиҳанд.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ