Дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили “Ҳидоят” дар мавзӯи “Арзёбии донишу маҳорат ва малакаҳои хонандагон” баргузор гардид.

Сараввал Шифо Носирова, роҳбари маҳфил чорабиниро ифтитоҳ бахшид. Дар он аъзоёни маҳфил бо баромадҳои пурмуҳтавон ва намоиши саҳнача баромад намуданд.

Дар ҳар дарси маҳфил ба ғайр аз мавзӯи баррасишаванда аз рӯйи тақсимот ҳар як аъзои маҳфил доир ба мавзӯи баррасишаванда баромад намуданд.

 

Сайёҳат МАҲМАДАВЛАТОВА,

котиби маҳфили “Ҳидоят”