Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забонҳои хориҷӣ воқеияти ҳаёти миллатҳои гуногун ва кулли дигаргуниҳои олам аст.

Барои омӯхтани забони дигар мо бояд, пеш аз ҳама забони модарии хешро ба хубӣ донем. Озодона ҳамаи соҳаҳои ҳаёти худро омӯхта аз худ на¬моем. Бо забони миллати хеш фикру ақидаро пурра баён карда тавонем ва онро боарзиш донем. Зеро, бунёди за¬бони модариамон ба осонӣ ба даст на¬омадааст.
Барҳақ, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон оиди манзалати забо¬ни модарӣ чунин гуфтааст: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қимату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф карда на¬метавонад».
Аз ин рӯ, бисёр мебояд ҷаҳд на¬муд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар қатори омӯхтани забони миллати хеш омӯхтани забонҳои дигар низ беман¬фиат нахоҳад буд. Дар мавриди дони¬стани забонҳои хориҷӣ кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он кишвар сафар намояду аз фарҳангу оини ди-гарон огаҳӣ ёбад. Аз рушду нумӯъ ва бурду бохти он миллат чизе омӯзад. Рӯзномаву маҷалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба мо¬неаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд.
Имрӯзҳо хушбахтона, дар давлати мо, дар донишгоҳҳои олӣ, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии киш-вар забонҳои гуногуни чаҳонӣ омӯхта мешаванд. Фарзандони дилбанди миллати тоҷикро мебинем, ки дар кишварҳои хориҷа таҳсил менамоянду соҳибмаълумот мегарданд. Кору фа¬ъолияти хешро идома дода, бо чандин забонҳои дунё муошират мекунанду миллати тоҷикро низ ба онҳо мешино¬сонанд. Ин ба пешравии миллат, рушд ёфтани давлат ва қавми тоҷик манфиа¬ти хуб меорад.
Бояд гуфт, ки дар Ватани азиза¬мон сафоратхонаҳои зиёди давлатҳои дунё арзи ҳастӣ доранд, ки ҳамкориҳои байналхалқии Тоҷикистонро бо ди¬гар давлатҳо ҷонибдорӣ мекунанд, ин маром ба забономӯзиву забондонӣ ва робитаҳои зиёди давлатҳо мусои¬дат менамояд. Айни ҳол фарзандони миллати тоҷик кормандони бузурги давлатҳои тараққикардаи дунёанд. Ак¬сарияти мардону занони тоҷик дар киш¬вари Руссия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабҳои онон таълиму тарбия мегиранд. Фарди тоҷик дар гуфтугӯ бо мардуми эроннинажод қариб, ки баро¬баранд. Фарзандони тоҷик бо забонҳои англисӣ, немисӣ, русӣ, чехӣ озодона дар гуфтугӯянд. Ин албатта, фахри давлату миллати тоҷику Тоҷикистониён аст.
Хулоса, забондонӣ – ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихорест, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт, чӣ ғаму дард ва чӣ хушию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст. Донистани забонҳои хориҷӣ милла¬тро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад.
Забондонӣ ба волоӣ расонад,
Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад.
Касе к-ӯ беш омӯзад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.
Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин забон асту ҳеҷ гоҳ дар ягон маврид дар намемонад.
Рамазон ХАЙРЗОДА,
омӯзгори кафедраи
фалсафа ва фарҳангшиносӣ