Имрӯз вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав оид ба шарҳу тавзеи неқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Нахуст, Наргис Нурализода, раиси бонувони донишгоҳ меҳмононро ба донишгоҳ хушомадад гуфта, меҳмононро ба донишҷӯён муаррифи намуд.
Беҳрӯз Бобоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мавзӯи “Масъалаҳои ҷавонон дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баромад намуд.
Дар ин баробар М. Шомалангова, муовини роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон оид ба шарҳу тавзеи нуқтаҳои Паём вобаста ба дастгирии бонувон, В. Асадуллозода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, оид ба иштироки аъзои ҷавонони ҲХДТ дар раванди созандагиву бунёдкориҳои кишвар, сиёсати ҷавонон дар барномаи ҲХДТ баромад намуданд.