Имрӯз 16 марти соли 2021 маҳфили илмии донишҷӯёни “Муаррих-кишваршинос”-и назди кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гузаронида шуд.

Сухани ифтитоҳиро декани факултети таърих ва ҳуқуқ Исозода Т.И. оғоз намуд. Зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Наврӯз ҷашни таърихии мо тоҷикон буда, аҷдодонамон аз замони бостон онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанд. Мафҳуми “Наврӯз” ҳам делеи ин гуфтаҳост.

Давлаталӣ Алимов, мудири кафедраи таърихи умумӣ доктори илмҳои таърих баромад намуда аз таърихи маҳфили мазкур ёдовар шуда зикр гардид, ки гузаронидани маҳфили навбатиро, ки дар фасли аввали баҳор бо фарорасии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз рост меояд ин бешак аз доштани таърихи пурғановати мо тоҷикон мебошад.

Олимҷон Воҳидов, донишҷӯйи соли аввали ихтисоси таъриху фарҳангшиносӣ дар мавзӯи “Аз таърихи пайдоиши Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ” маърӯза намуда, қайд намуд, ки Наврӯзи байналмилалӣ – ҷашни баробаршавии рӯзу шаб ва оғози соли ҷадиди кишоварзӣ дар байни халқҳои тоҷикону форсзабонон, инчунин дар байни халқҳои дигари кишварҳои ҳамҷавор мебошад. Пайдо шудани ҷашни Наврӯзро ҳамчунин ба шоҳи тахайюли Ҷамшед рабт медиҳанд, ки гӯё дар ин рӯз ба вай нури Офтоб расидааст.                                                        

Шарифамо Раҳматшоева, донишҷӯйи соли аввали ихтисоси таъриху фарҳангшиносӣ дар мавзӯи  “Аҳамияти таърихии қабули қатъномаи СММ оиди Даҳсолаи “Амалиёти об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”, маърӯза намуда қайд кард, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии СММ қатъномаро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”  бо иттифоқӣ оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Мутобиқи қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад.                         

Некушоҳ Пӯлодов, донишҷӯйи соли чоруми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар мавзӯи асари “Таърихи Табарӣ”-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ – асари илмию таърихӣ”, баромад карда гуфт, ки “Таърихи Табарӣ”-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ аввалин таърихномаи умумиҷаҳонӣ дар тамоми мамлакатҳои исломист. Дар он тамоми манбаъҳои таърихӣ, ки ба миллату мардуми гуногун (сарфи назар аз нажод, мазҳабу эътиқоди динӣ) тааллуқ доранд оварда шудааст.

Лола Шарипова, роҳбари маҳфили “Муаррих-кишваршинос”-и назди кафедраи таърихи умумӣ меҳмононро барои иштирок изҳори сипос намуда ба кори минбаъдаи маҳфил маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардид.