Имрӯз 17-уми марти соли 2021 дар толори Маркази илмӣ – таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идораи рӯзномаи «Фурӯғ» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз озмуни умумидонишгоҳии «Фурӯғи шеър»-ро бо ҳайати аъзоёни комиссияи озмун Рустам Тағоймуродов, Сафармад Аҳмадов, Шаҳло Ашурова, Муҳаббат Маҳмадалиева баргузор намуда истодаанд.
Нахуст, Қудратулло Наимзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Фурӯғ” суханронӣ намуда, шартҳои озмунро ба иштирочиён расонид. Сипас, ҳайати азоёни комиссияи озмун кори хешро оғоз намуданд.
Дар озмуни мазкур донишҷўён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳои донишгоҳ метавонанд иштирок намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки озмуни умумидонишгоҳии «Фурӯғи шеър» аз 17-уми март оғоз гардида то 18 –уми март давом мекунад.
ШАРТҲОИ ОЗМУН:
1.Ифоданок хондан ва аз ёд кардани на камтар аз 100 рубоии Умари Хайём бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
2. Ифоданок хондан ва аз ёд кардани на камтар аз 100 ғазал аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ.
Ғолиби озмун дар ҷашни байналмилалии Наврӯз бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ