Имрӯз 17-уми марти соли 2021 аз ҷониби кормандони “Ориёнбонк” китоби дасрии устод Шариф Раҳимозода  бо номи Муомилоти пулӣ ва қарз  ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун туҳфа тақдим карда шуд.

Дар китоби дарсӣ ташкили дурусти муомилоти пулӣ, муносибатҳои қарзию бонкдорӣ яке аз шартҳои асосии пешбурди иқтисодиёти бозорӣ буда, донистани масъалаҳои марбут ба пулу қарз, тартиби ташкили гардиши самараноки онҳо, шаклҳои муфиди ҳисоббаробаркунӣ ва масъалаҳои дигари ба онҳо вобаста гарави самаранокии фаъолияти бонки марказӣ, бонкҳои тиҷоратию сохторҳои дигари иқтисодӣ мебошад.

Муаллиф бештар ба тартиби ҳозиразамону пешрафтаи бонкдории ҷаҳонӣ, хусусан аврупоӣ, ки асоси ташкили бонкдорӣ дар кишвари мо мебошад, такя кардааст.

Китоби дарсии мазкур аз ҷониби Шурои илмию методии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ҳамчун дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, муаллимону аспирантон ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ тавсия шудааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби муаллифи китоби Таҳлили фаъолияти хоҷагидории корхона Хушвахтзода Қ., ки ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст ҳамчун туҳфа ба китобхонаи донишгоҳ супорида шуд.

Китоби Таҳлили фаъолияти хоҷагидории корхона мутобиқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси “Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит” тайёр карда мешавад. Дар фасли якуми китоби дарсӣ асосҳои назариявии таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ ҳамчун низоми омӯзиши  предмет, вазифа, метод, методика ва таҳлили микроиқтисодиёти корхонаҳо омӯхта шудааст. Фасли дуюми китоби дарсӣ ба методологияи таҳлили иқтисодии комплексии фаъолияти хоҷагидорӣ бахшида шудааст.

Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳаи иқтисодӣ пешбини шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ