Бо ибтикори кафедраи андоз ва андозбандӣ маҳфили навбатии “Андозситонони ҷавон” баргузор гардид, ки дар он Шарифхон Баротзода, сардори Раёсати илм ва инноватсия, Шодмон Бақоев, мудири кафедар, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Мафили мазкур дар мавзӯи “Андоз аз молу мулки ғайриманқул” аз ҷониби Муҳаммад Наботов, Вафо Мирзоев, донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси андоз ва андозбандӣ баромад намуданд.
Гуфта шуд, ки супорандагони андоз аз молу мулки ғайриманқул соҳибони объектҳои молу мулки ғайриманқул, ки объекти андозбандӣ мебошанд, ба шумор мераванд. Объектҳои андозбандӣ иморатҳо, хонаҳои истиқоматӣ, биноҳо, бўстонсаройҳо, гаражҳо ва дигар биною иморатҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда ба ҳисоб мераванд. Дар ин баробар контейнерҳо, систернаҳо, дўконҳо, вагонҳо дохил мешаванд, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода шуда, дар давоми на камтар аз 3 моҳ дар ҳар соли тақвимӣ бо мақсади фаъолияти соҳибкорӣ бе ҳаракат ҷойгир карда шудаанд.
Муҳаммад Наботов зимни баромади худ қайд намуд, ки меъёри андоз аз объекти молу мулки ғайриманқул вобаста ба масоҳати ишғолнамудаи объекти молу мулки ғайриманқул ва мақсади истифодабарии он бо фоиз аз рўи нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо коэффитсиенти танзимкунанда дар миқёси шаҳру ноҳияҳо муайян карда мешавад.
Меъёри андоз тибқи андозаҳои зерин мукаррар карда мешавад:
– барои объектҳои молу мулки ғайриманқули ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашавандаи то 90 метри мураббаъ – ба андозаи 3 фоиз;
– барои объектҳои молу мулки ғайриманқули ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашавандаи зиёда аз 90 метри мураббаъ – ба андозаи 4 фоиз;
– барои объектҳои молу мулки ғайриманқули барои амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ истифодашавандаи то 250 метри мураббаъ – ба андозаи 12,75 фоиз;
– барои объектҳои молу мулки ғайриманқули барои амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ истифодашавандаи зиёда аз 250 метри мураббаъ – ба андозаи 15 фоиз;
Дар охири маҳфил бо ифтихорномаи декани факултети менеҷмент ва низоми гумрук ба Мирзоев Вафо, Наботов Маҳмад ва Тағоихонзода Шерафган барои иштироки фаъолонаи дар чорабиниҳои сатҳи гуногун тақдим гардид.
Дар ин баробар бахшида ба ҷашни Наврӯзи аз ҷониби кафедар андоз ва андозбандӣ ба донишҷӯ Шарипов Юсуфҷон сарулибоси дарсӣ аз қабили шиму костюм ва пойафзол туҳфа карда шуд.
Турсунов Расул,
роҳбари маҳфил