dav

Имсол ин ҷашни бостонии ориётаборон, ҷашни аҷдодии тоҷикон – Наврӯз бо рангу бӯйи тоза ба кишвари тоҷикон қадам гузошт. Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Ниёгони мо ин ҷашнро аз насл ба насл, марҳала ба марҳала аввал ба таври шифоҳиву дарку фаҳмиши ботиниву зеҳнӣ ва баъд бо пайдоиши хат дар асарҳои хеш ба таври хаттӣ сабт намуда, то ба имрӯзиён расониданд

Тасмим гирифтем, доир ба сарнавишти Наврӯзи куҳан, таҷлили он дар масири таърих, эҳёи падидаҳои наврӯзӣ бо Давлаталӣ Алимов, доктори илмҳои таърихи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суҳбате биороем, ки инак, фишурдаи он.

 Устод, дар оғози суҳбат мехостам, ки аз таърихи Наврӯзи куҳан ва чигунагии зуҳури он суҳбат кунем. Ба назари шумо чӣ боиси Наврӯз ном гирифтани он гардид?

– Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Вожаи Наврӯз аз форсии миёна баргирифта шуда, маънои рӯзи навро дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон иди байналмилалии Наврӯз аз 21 то 24-уми март ҷашн гирифта мешавад.

Бояд қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо, 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон низ ба шумор меравад. Чунин шуморида мешавад, ки решаи ин ҷашн аз Эрони қадим аст ва бо парастиши Офтоб ва исми пайёмбари саршинос Зардушт бастагӣ дорад.

Пайдо шудани ҷашни Наврӯзро ҳамчунин,  ба шоҳ Ҷамшед рабт медиҳанд, ки гӯё дар ин рӯз ба вай нури офтоб расидааст. Вале қадимтарин манбае, ки дар он аз Наврӯз зикр мешавад, китоби муқаддаси зардуштиҳо – “Авасто” мебошад. Тибқи таълимоти “Авасто”, мардум муваззафанд, ки ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар заминро, ки дар “шаш намуд” (фазо, об, замин, растанӣ, ҳайвонот ва инсон) шакл гирифтааст, таҷлил кунанд.

 Ба ақидаи шумо, оё асарҳои Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём бо ҳам тавъаманд? 

– Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни 10-ум дар китоби машҳури худ “Осор-ул-боқия” аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки “рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст” ва дар китобаш “Ал-тафҳим” менигорад, ки “нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст”.

Берунӣ дар китоби “Ал-тафҳим” овардааст, ки “чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд”.

Аз маълумоти осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мекобад ва дарҳои онҳоро ба рӯйи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану перостани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Дар рисолае, ки ба Умари Хайём нисбат дода мешавад, яъне дар “Наврӯзнома” низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусияту оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва бахши дигаре аз рамзу розҳои онро пай мебарем.

“Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд”, – омадааст дар “Наврӯзнома”.

Бояд гуфт, ки дар баъзе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла дар “Шоҳнома”, “Таърихи Табарӣ”, “Ал-тафҳим” ва ғайраҳо ё шоҳ Ҷамшед , ё Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд.

 Ба назари шумо кадом падидаҳои нодири Наврӯзи куҳан имрӯзҳо ба гунаи шоиста эҳё шудаанд?

– Марҳилаи навини таҳаввулоти шинохти Наврӯз ва эҳёи суннату оинҳои он ба даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон пайванди муҳкам дорад. Аз файзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифт. Сардори давлат дар яке аз мулоқотҳои хеш бо зиёиёни мамлакат барҳақ таъкид намуда буданд, ки “имрӯз истиқлолият ва Наврӯз мафҳумҳои ба ҳамдигар наздик ва ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо мебошанд”.

Эҳёи суннат ва ойинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯз, ки чун маҳсули ҷашнвораи беназири Наврӯз ба унвони паёми мардумони форсизабон ба оламиён ҳукми ҷаҳонӣ гирифтааст, як амри табиист. Дар дарозои таърихи худ ин ҷашни муборак бархӯрдҳои фаровонеро бо ҷабрҳои санги таърих таҷриба кардаву дар ин тасодуму тасодуфҳои бешумор чизҳоеро аз худ бохтаву васоилеро бар тамаддуни ақвоми дигар ба унвони арзишҳои инсонсозиву инсонофаринӣ афзудаву гоҳи дигар ба унвони намоди муколамаи фарҳангҳо ва омили таҳкими ваҳдати башарият суннатҳоеро бар худ вогирифта.

– Оид ба ҷойгоҳи “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин”, ки аз рамзҳои маъруфи наврӯзӣ маънидод мешаванд, чӣ андеша доред?

– Ҳамчун қоида дар иди Наврӯз ду намуди дастархон оро дода мешавад, яъне “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин”. Дар алифбои форсӣ “Син” ва “Шин” ҳарфҳо (овозҳо)-и “С” (ﺲ) ва “Ш” (ﺶ) мебошанд. Бояд қайд кард, ки динҳои зардуштӣ ва ислом 7-ро рақами муқаддас мешуморанд. “Ҳафтшин” ҷузъе аз анъанаҳои наврӯзии “Ҳафтсин” мебошад. “Ҳафтсин” ин ҳафт номгӯи чизҳое ҳастанд, ки бо ҳарфи “Син” сар мешаванд. Ба инҳо сир, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, суманак ва сипанд дохил мешаванд.

Умуман, инҳо аз урфу одати ҳар як миллат вобаста мебошанд. Бинобар ин, ба ҷойи “Ҳафтсин” дигар чизҳоро низ дар дастархон дидан мумкин.

Ба “Ҳафтшин” шакар, шона, шамъ, ширинӣ, шарбат, ширбиринҷ ва шир дохил мешаванд.

Бояд қайд кард, ки орзуву омоли мардум на танҳо ба таври шифоҳӣ бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму оинҳо ва инчунин, дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё самбулҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими мардуми Тоҷикистон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд.

 Ҷаҳонишавии Наврӯз барои ҷаҳониён  ва мо, тоҷикистониён, чӣ аҳамият дорад?
– Нахуст, ифтихор аст, на ба он маънӣ, ки мо фарҳанги худро ба дигарон муқобил гузорему болову поин ҷӯйем, балки ба он маънӣ, ки анъанаҳои неки фарҳангии мо дастраси ҷаҳониён мегардад. Дигар, ҷашнҳои фаромиллии наврӯзӣ барои ба ҳам наздикшавӣ, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, осоишу осудагии ҷаҳониён хидмат мекунад, хоса дар шароити набарду даргириҳои хунин, ки дар заминаи фарқиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, қавмию мазҳабӣ сар мезананд, зеро Наврӯз тантанаи нур, табли осоишу сурур, рамзи зиндагист алайҳи зулмот, ҷанг ва марг. Наврӯз дар раванди ҳазорсолаҳои ҷаҳонишавӣ дигаргуниҳоеро аз сар гузаронида, навгониҳоеро пазируфта, ки дастраси мо  гардида, хазинаи фарҳангиамонро ғанитар хоҳад гардонд.

Вазифаи мо, олимони кишвар, аст, ки бо истифода аз лаҳазоти мусоид арзиши волои фарҳангии аҷдодонамонро бо тамоми шаҳомату зебоии он ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

 Чаро Наврӯзро маҳз 21-уми март ҷашн мегиранд?

– Таҷлил аз Наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдоиши солшумории хуршедӣ, ки дар Тоҷикистон ва умуман, миёни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон 7 ҳазор сол қабл аз зуҳури ислом арзи ҳастӣ карда буд, бастагӣ дорад. Тибқи он, соли ҷадид баҳорон 20 ва 21-уми март дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз оғоз мешавад, ки дар ин рӯзҳо баҳори воқеӣ ҳукмрон мешавад. Мавсими ҷадиди кишоварзӣ, замони интизориҳо ва умедвориҳои деҳқон оғоз мешавад.

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён шаш рӯз тӯл мекашид ва ба ду давра тақсим мешуд: Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз 1-ум то 5-уми моҳи Фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хоса барпо мегашт.

– Барои суҳбати ҷолиб аз шумо сипосгузорем! Бигзор, ҷашни ҷаҳонии Наврӯз барои сокинони сайёраи Замин ҳамеша чун паёмовари некиҳоиву сарсабзиҳо боқӣ монад!

-Ташаккур!

Мусоҳиб: Комрони Бахтиёр

НАВРӮЗ БА УНВОНИ ИДИ БАҲОР ВА ЭҲЁИ ТАБИАТ ДАР КУЛЛИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД

Мусоҳиб: Комрони БРАСУЛОВ,

сардори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ