Имрӯз 19-уми марти соли 2021 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии хотирмон баргузор гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Нухуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ҳамаи меҳмонону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод намуд.
Ректори донишгоҳ қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни фархундаи мардуми тоҷик буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар як хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад.
Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҷашни Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд.
Сипас, Маҳмурод Раҳмонов, омӯзгори факултети филологияи тоҷик дар мавзӯи «Наврӯз ба ҳар рӯзи Ватан мемонад» баромад намуд.
Дар идомаи чорабинӣ ҷиҳати қадрдонӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявӣ бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин баробар аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи кормандони донишгоҳ ба устодони собиқадори донишгоҳ бо маблағҳои пулӣ қадр шуданд.
Ҳамчунин, омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадиву докториашонро дар соли сипаришуда сарбаландона ҳимоя намудаанд бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинии наврӯзӣ аз ҷониби дастаи “Левакант”-и донишгоҳ барномаи фарҳангӣ, иборат аз рақсу суруд пешкаши иштирокчиён карда шуд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ