Имрӯз 19-уми марти соли 2021 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии хотирмон баргузор  гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳСаломзода Сиҷоуддинраиси шаҳри Бохтаромӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Нухуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ҳамаи меҳмонону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод намуд.

Ректори донишгоҳ қайд кардки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни фархундаи  мардуми тоҷик будаон зодаи хираду андешаҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯзки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиатоғози зиндагии тоза ва бахту саодат будаба остонаи ҳар як хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. 

Саломзода Сиҷоуддинраиси шаҳри Бохтар зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҷашни Наврӯз на танҳо иди баҳорбалки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардадЗеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқаз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд.

Сипас, Маҳмурод Раҳмоновомӯзгори факултети филологияи тоҷик дар мавзӯи «Наврӯз ба ҳар рӯзи Ватан мемонад» баромад намуд. 

Дар идомаи чорабинӣ ҷиҳати қадрдонӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявӣ бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин баробар аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи кормандони донишгоҳ ба устодони собиқадори донишгоҳ бо маблағҳои пулӣ қадр шуданд.

Ҳамчунин, омӯзгоронеки рисолаҳои номзадиву докториашонро дар соли сипаришуда сарбаландона ҳимоя намудаанд бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Дар ҷамъбасти чорабинии наврӯзӣ аз ҷониби дастаи “Левакант”-и донишгоҳ барномаи фарҳангӣиборат аз рақсу суруд пешкаши иштирокчиён карда шуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ