Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз

Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!

Инак, боз Наврӯзи дилафрӯз бо муждаю нишоташ ба сарзамини мо –Тоҷикистони азиз қадам мегузорад. Ҷашни Наврӯзи хушоин эҳёи табиат ва хуррамӣ аст, ки аз аҳди бостон ва гузаштагони сарбаланду некандеши ниёгонамон барои имрӯзиён мерос мондааст.

Воқеан, Наврӯз аз ҷашнҳо ва суннатҳои аҷдодии мо буда, решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти далатӣ ва раҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин саодати ҷовидона, ки дар масири ҳазорсолаи таърих ба насли имрӯзаи тоҷикон насиб гардид, пуршукӯҳу шаҳомат ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардад. Минбаъд барои ҷашнгирии иди муқаддаси ниёгонамон- Наврӯзи оламафрӯз, Наврӯзи ормонҳои навин дар дигар кишварҳо низ шароити мусоид фароҳам омад.

Миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо вуҷуди нобарориҳо ва истилои фоҷиабору харобкоронаи аҷнабиён дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирифт.

Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукӯҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.

Аз ин хотир халқи тоҷик ин иди азизу мӯътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонад. Тамоми оинҳои ибратомӯзи Наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд. Муҳимтар аз ҳама дар остонаи иди Наврӯз мардум бо меҳру шафқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, беморону ранҷурон ва пирони барнодилро зиёрат менамоянд, ба ятимону бепарасторон кӯмак мерасонанд ва амалҳои неку писандидаро вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Имрӯз ҷомеаи мо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дошта, инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.

Дар чунин шароит Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро боз сӯи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад. Идома бахшидан ба ин суннатҳои неки аҷдодӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи меҳнату зиндагии солим, густариши рафтору ахлоқи ҳамида, бузургдошти анъанаҳои неки ниёгон, фарҳангпарастиву худшиносӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон мусоидат мекунад.

Боиси сарфарозист, ки дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифта, ин раванди нек боиси таҳкими мақому нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Ҳадафҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Сарвари хирадманду Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тақозо менамоянд, ки ҳар як фарди бонангу номуси кишвар бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, бояд бо нерӯи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд. Ин рисолати таърихӣ, қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва фарзи имониву шарти ватандории ҳар яки мост.

Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ баҳри иҷрои ҳадафҳое, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд ва тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илм заҳмат кашида, кулли неруи ақлонию зеҳнии хешро барои баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот равона намудаанд.

Мо бо эътимоди қавӣ эҳсос мекунем, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии самимонаи Ҳукумати кишвар ва Роҳбари хирадманди он давлати соҳибистиқлоламон сӯйи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва ҳама орзую омоли наҷиби Наврӯзии имсола амон амалӣ мегарданд.

Бо ҳамин эътимоди қавию таманниёти нек бори дигар ба ҳамаи устодону шогирдони донишгоҳ ва ба тамоми мардуми саодатманду соҳибфарҳанги Тоҷикистон ҷашни фархундаи Наврӯзро табрик гуфта, ба хонадони Шумо иқболи нек, рӯзгори осуда ва файзу баракати наврӯзиро таманно менамоям.

Бигузор Наврӯзи имсола барои ҳар яки Шумо бахту саодат, файзу баракат ва иқболу комёбиро армуғон биоварад.

Наврӯз муборак, устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!