Мардуми ориёнажод бисёр расму оин ва иду ҷашнҳоро ба ёдгор гузоштаанд, ки яке аз инҳо Наврӯз мебошад. Наврӯз аз идҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, онро ба Ҷамшеди Каёнӣ нисбат медиҳанд.

Таърихи пайдоиши ин ҷашн дақиқ нест, аммо мунаққидон ба он хулосаанд, ки Наврӯз зиёда аз се ҳазор сол умр дорад. Ин ҷашни таърихӣ эҳёкунандаи расму оин ва исботкунандаи таърихи тӯлонии фарҳанги мардуми тоҷик аст. Ин иди қадима то ба имрӯз ҳифз шуда, бо хусусиятҳои хоси худ то ба замони мо омада расидааст. Наврӯз дар ҳар минтақа бо ҳар гуна расму оин таҷлил карда мешавад. Мо каме дар бораи таҷлили Наврӯз аз ҷониби яғнобиёни болооби Варзоб ҳарф меронем.

 

Наврӯз дар Яғноб яке аз писандидатарин ва қадимтарин ид ба ҳисоб рафта, мардум онро ҳамасола бо шукуҳу шаҳомат ва базму тараб истиқбол мегиранд. Мардуми Яғноб Наврӯзро «навасол» (соли нав) ё «сари сол» низ мегӯянд. Дар ин рӯз занону духтарони ин минтақа хонаю манзили худро тозаю озода карда, лавозимоти шикастаю фарсударо ба дурӣ меандозанд, то дар соли нав ба чашмашон нанамояд. Мардҳо ба баъзе заминҳое, ки ҳоло низ барфпӯшанд хок пошида, ба кишт омода месозанд, инчунин олотҳои киштукорро низ омода месозанд. Баъди тозакорӣ, занону духтарон либосҳои зебои идона пӯшида, барои истиқболи соли нав ҳар гуна хӯрокҳо мепазанд. Кӯдакон субҳи соли нав либосҳои нав пӯшида, дар як ҷо ҷамъ мешаванд ва хона ба хона гашта, туҳфаҳои идона мегиранд. Баъди ба анҷом расидани туҳфагирӣ, онҳо ба хонаҳояшон рафта, ҷашнгирии Наврӯзро интизор мешаванд. Наврӯзро дар он ҷо аз рӯйи нишонаи махсус таҷлил мекунанд.

 

Вақте офтоб ба як мавқеи муайян, ки омад, пири солхӯрдае ба болои бом баромада, мардумро ба базмгоҳ даъват мекунад. Мардум либосҳои идона пӯшида, бо хӯрокҳои омодакардаашон ба базмгоҳ ҳозир мешаванд. Пири рӯзгордида дастурхони Наврӯзиро мекушояд. Дастурхонро бо хӯрокҳои мардум, аз қабили оши палов, кашк, суманак, кочӣ, оши бурида, ҳалво, шӯрбо, чанголӣ, қурубот, ширбиринҷ, фатир, кӯлчаҳои равғанин ва ғайра оро медиҳанд.

 

Пири рӯзгордида ҳамаро ба иди Наврӯз табрик гуфта, онҳоро ба сари хони Наврӯзӣ даъват менамояд. Ҳама ба сари дастурхон ҷамъ омада, аз хӯрокҳои якдигар мечашанд. Баъд аз тановули хӯрок дар идгоҳ базми идона ва маросимҳои гӯштингирӣ, ресмонкашӣ, тухмҷанг, хурӯсҷанг, буҷулбозӣ, чашмбандӣ, давидан ва дигар суннатҳо баргузор мегардад.

 

Дар идгоҳ аз дигар деҳаҳои гирду атроф паҳлавонон ҷамъ омада, байни худ қувваозмоӣ мекунанд. Баъди анҷоми бозиҳои шавқовар ва базми идона, суннати дигари ин ҷашн ҷуфтбаророн баргузор мешавад. Пири рӯзгордида дар доманаш гандум гирифта, ба замин мепошад. Мардони ҷуфтгар низ якдигарро табрик намуда, ба шохҳои гов равған мемоланд, то ҳосили имсола бофайзу бобаракат шавад.

 

Суннати дигаре, ки то ба имрӯз дар минтақаҳои яғнобинишин побарҷост, ин шаби соли нав ҷамъ омадани як хонавода мебошад. Дар ин шаб як хонавода ҷамъ шуда, шодию хурсандӣ мекунанд, то ин ки давоми сол ҳамеша хурсанду сарҷамъ бимонанд.

 

Оини дигаре, ки то ба имрӯз ҳифз шудааст, ин аловпарак мебошад. Марди рӯзгордидае оташ меафрӯзад ва мардум аз болои он меҷаҳанд. Аввал мардон бо замзамаи «Рити зардим читав» (Зардии рӯям аз ту), «Рити сурхит чиман» (Сурхии рӯят аз ман) се борӣ аз болои оташ гузашта, баъдан занону кӯдакон бо чунин замзама меҷаҳанд. Ва вақти ба хонаҳояшон рафтан ба қафои худ нигоҳ намекунанд.

 

Ҳамин тариқ, Наврӯз дар байни яғнобиёни болооби Варзоб бо тамоми шукуҳу шаҳомат ва таровату нур таҷлил карда мешавад.

 

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,

донишҷӯи курси аввали ихтисоси рӯзноманигорӣ