Бо шарофати Истиқлолият ва сиёсти хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзу ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм бо арзишҳои баланди фарҳангии хеш ҷаҳонӣ гашта, ба феҳрасти мероси фарҳангии умуми башарии ЮНЕСКО шомил гардид.

Наврӯз ҷашни баҳору эҳёи табиат ва фарорасии Соли нав дар Шарқу Осиёст. Худи суннати истиқболи Соли нав дар айёми эътидоли баҳории шабу рӯз реша дар жарфнои таърих дорад, аммо дар даврони ҳокимияти советӣ ёд дорам, Наврӯз қариб, ки фаромӯш шудаву таҷлил аз он ҳатто мамнӯъ буд. Онро унсури боқимонда аз замони гузашта ва чӣ бошад, ки аз ҷумлаи маросими мазҳабӣ мешумориданд. Хушбахтона, бо гузашти замон ҳама чиз тағир ёфт ва инак қариб си сол аст, ки мо онро ҳамасола дар радифи дигар идҳо ба таври шоиста истиқбол мегирем.

 

Ҷамшед ё Ҷам (Ямдар Авесто) як шоҳи асотирии ҳиндуэронист. Вай дар асл аввалин шахси фанопазир ва шоҳи сарзамини мурдагон буд. Дар до стони Ҷам дар густураи садаҳои пеш аз таърих дигаргуниҳое падид омадааст, ки мунҷар ба пайдо шудани подшоҳӣ ҳамроҳ бо иқтидори вай бар замин шудааст, чунон ки дар замони подшоҳии вай мардум аз газанди пириву марг барканор ва ҳамвора ҷавон буданд.

 

Бифармуд Ҷамшед, то чархе аз обгина барои ӯ бисозанд ва шаётинро (ҷинҳоро, ки мутеи вай буданд) дар он ҷой дод ва бар он нишаст ва дар ҳаво аз шаҳри хеш Дамованд то Бобул ба як рӯз рафт ва он рӯз ҳурмузрӯзи фарвардинмоҳ буд ва мардум аз ин шигифтӣ, ки диданд, «Наврӯз» гирифтанд ва бигуфт, то ин рӯз ва панҷ рӯзи дунболи онро ид гиранд ва шодиву хушӣ кунанд ва рӯзи шашум, ки мурдодрӯз буд, зимни мактубе ба мардум хабар дод, ки чун Худованд равиши вайро дар подшоҳӣ писандида, подоши вай ин шуда, ки мардум аз сармову гармо ва пириву ҳасад барканор шуданд. Ба мардум пас аз сесаду шонздаҳ сол, ки аз подшоҳии вай гузашта буд, сесад сол ба сар кардаанд, ки аз балоҳо дур буданд, -гуфтааст, муаллифи «Таърихи табарӣ» Муҳаммад ибни Ҷарир.

 

Диёри афсонавии Дашти Ҷам бинобар ақидаи муаррихи машҳури амрикоӣ Ричард Фрай яке аз шаҳрҳое, ки Ҷамшеди Сосонӣ барои писари хурдиаш Фариддун сохта буд, маҳз дар ҳамин мавзеъ будааст. Ва инчунин наврӯзгоҳи Ҷамшеди Сосониро низ ба ин мавзеъ нисбат медиҳанд, ки ин ба ҳама гуна тахминҳо, ки шакли дурусти номи ин мавзеъ Дашти Ҷам буда, ин ҳақиқати таърихӣ дар бисёре аз сарчашмаҳои ҷуғрофии атиқа ва сарчашмаҳои таърихиву фарҳангӣ ёдоварӣ шудааст. Ва ҳамзамон ин шакли ном низ дар «Шоҳнома»- и абад зиндаи Фирдавсии Тӯсӣ шонздаҳ бор такрор ва ёдоварӣ шудааст. Хуталони номвар ва гурдзо, ки Ҷамшеду Фаридун фарзандони асили ӯянд ҳоҷҷат ба фасонапардозии коҳилон надорад. Ва ин марзи номусу шараф ва қаҳрамониву матонати миллӣ тӯли таърихи тамаддуни олам ҳазорон фарзандони муборизи қаламрави Ориёи бузургро, аз замони Каёниён то ғорату яғмогариҳои туркҳои қизилбоши саҳроии бефарҳанг, дар канори пур аз муҳаббату садоқати хеш паноҳашон додааст, зиннати сафаҳоти рангини фарҳанги башарӣ будаву ҳаст.

 

Охир, қаҳрамонии Эраҷи номвар, Бобаки сафшикан, Рӯзбеҳи Балхӣ, Паёмаки Хатлӣ, Зарбеҳи Ҳулбакӣ, Парвони Хуталшоҳӣ миёни мардуми ин хитта чун пандномаи ватанхоҳиву кишваркушоӣ аз забон ба забон гузашта, тӯли беш аз се ҳазор сол то ба ҳол мардумро дар рӯҳияи якпорчагӣ ва истиқлолиятхоҳӣ тарбият намудааст. Ҳол он ки устоди номвар донишманди маъруф, яке аз донишмандтарин муҳаққиқони осори замони Сосониён, донандаи хуби забонҳои қадимтарини эронӣ, бахусус китоби «Авесто» Бобоназар Бобохон ҳанӯз чил сол қабл нахуст корномаи қаҳрамонии сарзамини бостонии Хатлонро дар нусхаи асл аз забони се ҳазорсол пеши он мардум манзури ҳамагон гардонида буд.

 

Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буд, ки «Наврӯз» ба ягон дину мазҳаб рабт надорад, ин иди таърихӣ буда, онро ҳамасола бо тамоми анъанаҳои мардумӣ ҷашн бояд гирифт.

 

Қосим ОДИНАЕВ,

омӯзгори коллеҷи омӯзгории назди ДДБ а номи Носири Хусрав