Соли нави Аҷам – Наврӯз, ки иди байналмилалӣ эълон шуд, моро боз ҳам шоду масрур намуд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони имрӯзи мо расидааст.
Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офату газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай бо хоку марзи ин ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Ин ҳасудон бо баҳонаҳои зиёде садди роҳи таҷлили ҷашни Наврӯз мешуданд ва ин чиз дар даврони шӯравӣ низ ба назар мерасид.
Бо ин ҳама дарду машаққатҳо миллати куҳанбунёд тавонист, дубора Наврӯзро зинда кунад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад. Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад. Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад, имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст. Наврӯз расму оинҳои худро дорад ва аз рӯзгори пешин то ин замон бисёре аз онҳо ба мо омада расидаанд. Пеш аз ҳама, кӯдакон дар саршавии фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай маросими гулгардониро ба ҷой меоранд. Гулгардонӣ маросимест, ки кӯдакон гулҳои наврустаи баҳориро хона ба хона бурда, мардумро ба омад-омади баҳор ва Наврӯзи Аҷам табрик месозанд. Дар навбати худ соҳибхона ба онҳо ҳадяе медиҳад.
Дар Наврӯз одамон ба ободкорӣ ва сафедсозии деворҳои хонаaшон даст мезананд, аз ҳолу аҳволи беморон хабар мегиранд, дар гузашта агар нисбат ба якдигар ягон кинаю ҳасад доштанд, бахшоиш мекунанд, зарфҳои шикастаро мепартоянд, гулхан меафрӯзанд.
Албатта, дар ин рӯз духтарон куртаҳои миллӣ ба бар карда, дастурхони Наврӯзӣ меороянд, шеъру ғазалхонӣ мекунанд. Бисёре аз мардумон ба сайру тамошои дашту саҳрои гулпӯши ватани азизамон мебароянд ва аз ҳавои софу беғубор нафас мегиранд.
Наврӯз хӯрокҳои ба худ хосро дорост. Яке аз хӯрокҳои маъмули Наврӯзӣ ин суманак мебошад. Суманак асосан аз гандум тайёр карда шуда, заҳмати зиёдеро талаб мекунад.
Аз вақти гузоштан то ба тайёршуданаш, ҳатто, ҳафтаҳо зарур аст. Суманакро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон тайёр мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо суманак бо номҳои суманаки чанголӣ, кулчасуманак, атоласуманак маъмул аст, ки бо баъзе хусусиятҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Хӯроки дигари Наврӯзӣ ин далда мебошад, ки дар баъзе минтақаҳо бо номҳои даля, гандумкучак, ярма ё боч маълум аст.
Дар арафаи Наврӯз шахси калонсоли деҳа ё мӯйсафеди рӯзгордидае ба деҳқон дуои нек дода, ба кишту кори баҳорӣ оғоз мебахшад. Воқеан, Наврӯз ва баҳор ин аёми шукофоист, ҳама гулпӯшу гулрез аст. Мурғакони чаман сари ҳар навниҳоли шукуфта нишаста нағмасароӣ мекунанд ва аз рафтани фасли дай хушҳолӣ карда, баҳори накӯпайро пешвоз мегиранд.
Азиза ДУСМАТОВА,
мутахассиси шуъбаи тарбия