Расидан ба Хидирайём, ё худ Наврӯзи деринтизор дар тозабаҳор барои ҳар як инсон иқболи баланду бахти бедор аст, зеро ки баҳор рамзи офариниш рамзи сарсабзиву хушбахтӣ ва некӯиву хушхисолӣ аст. Баҳор, ки худ фасли тозаписанду покизапараст ва шукуфоиву эҳёи табиат аст, аз инсон ҳам чунин тақозо дорад.

Аз ин хотир, инсон бояд бо вуруди баҳор ва айёми Наврӯз сиришти худро аз тамоми олудагӣ кинаю адоват, нафсу одат, пок кунад ва чун гузаштагони бовиқору сарбаланд гуфтори нек, кирдори нек, пиндори некро шиори аввали зиндагӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳад.

Наврӯз бешак бузургтарин ва мардумитарин ҷашн мебошад, ки онро асрҳои аср бо ҷалолу шукӯҳи тамом таҷлил менамоянд. Наврӯз ҷашни муборак ва фархундаест, ки дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик нақши устувор ва барҷаста дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳамият ва мавқеияти Наврӯзи дилафрӯз дар фарҳанги миллиамон таъкид кардаанд: «Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббуси иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст».

Аслан ҳар як миллат Наврӯзи хуҷастаро бо расму одатҳои худ ҷашн мегирад. Мардуми Бадахшон низ расму одатҳои худро доранд, ки он аз гузаштагон барои мо боқӣ мондааст. Наврӯзро дар Бадахшон «Хидирайём» мегӯянд.

Хидирайём яъне хидир-бузург калон ва айём ҷашн аст. Мардуми Бадахшон ин идро бисёр хуб пазиройи мекунанд. Расму одатҳои мардуми Бадахшон чунинанд: Бояд ёдовар шуд, ки дар кӯҳистони Бадахшон чун дар дигар манотиқи кӯҳистони тоҷик аз замонҳои хеле қадим ҳар як кори хайру некро, махсусан он корҳое, ки бевосита ба кишоварзӣ алоқаманд будаанд, тибқи рӯзу соати мувофиқ сар мекарданд. Мардум пештар солҳо тақвимҳои гуногун доштаанд ва бо мурури айём тақвими дигари маҳаллаи нисбатан мукаммалу мушаххастар ба вуҷуд омада, ҳар яке аз корҳои марбути деҳқонӣ ва иду маросимҳои мавсимӣ ба вижа оину суннатҳои мансуби ҷашни сари сол-Наврӯзро аз рӯи он ба ҷо меоварданд. Дар ин тақвим ҳисоби рӯзҳои сол аз рӯи узвҳо андоми одам (мард) аз «нохун» то «мағзи сар» ва баръакс сурат гирифтааст.

Тибқи ҳамин тақвими мардумӣ ҳангомӣ ба поён расидани «чиллаи калон»-и зимистон, ки ба охирҳои моҳи январ рост меояд, тафи замин низ берун меомадааст ва аз рӯи ҳисоби он офтоб вориди нохуни пои мард гашта, се рӯз дар он қарор мегирад. Аз ин рӯ, то ҷашни Наврӯз онҳо мувофиқи тақвим ҳисоб мекунанд ва ид фаро мерасад.

Хонатаконӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, хусусан дар кӯҳистон расм шудааст ва то ду рӯз мондани ҷашн тамоми кӯрпаву кӯрпачаҳои хона, гилему намадро берун бароварда, метаконанд ва хонаро низ аз чангу ғубор тоза карда, чизҳои аз истифода берунашонро партофта, лавозимоти хонаро ба дарун дароварда, бо хоҳиши дилашон бо тартиби муайян дар хона ҷо ба ҷо мегузоранд. Баъдан соҳибхона (яъне мард) аз шохчаҳои дарахт, ки нав муғча мебарорад, бурида чун нишонаи фасли баҳор «Шогун баҳор муборак!»- гӯён вориди хона мешаванд. Дар ҷавоб ба ӯ соҳибхоназан «Ба рӯи Шумо муборак!»- гуфта, ба китфи росташ миқдори орд, ки онро «Бун» меноманд, гузошта хушҳолона пешвоз мегирад.

Аз ақибаш аҳли оила «Шогун баҳор муборак!»- гӯён вориди хона мешаванд. Кадбонуи хона дар панҷ сутуни хонаи аҷдодӣ, ки ба номи Ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) Ҳазрати Алии Муртазо, Биби Фотимаи Заҳро ва Имом Ҳасану Имом Ҳусейн ёд мешаванд, «Шогун баҳор муборак!»- гуфта, аз гирд орд «Бун» мезананд, ки рамзи сафедӣ, хушиҳо ва осудагии рӯзгорро ифода мекунад. Дар баъзе ҷойҳо аз ордоба бо ангуштон ё панҷаи даст нақш мебанданд. Кадбонуи хона дар ин иди бузургу фархунда чунин таомҳои идонаро, ба мисли боҷ, кочӣ, бат ва ширбиринҷ пухта дастурхон меорояд.

Бозиҳои идонаи Наврӯзи Бадахшон инҳоянд: баргузории бузкашӣ (дар солҳои пеш) хурӯсҷангу кабкҷанг, тухмҷанг, чормағзбозӣ ва дигар бозиҳои варзишӣ. Ин бозиҳои идонаро мардуми Бадахшон аз маҳалҳо ҷамъ шуда, дар идгоҳ иҷро мекунанд. Серистеъмолтарин калима нисбати ин ҷашн дар Бадахшон истилоҳи «Шогун» ё «Шогун баҳор муборак!» мебошад, ки он барои табрику муборакбоди ҳамдигар истифода бурда мешавад.

 

Райҳонгул ҚУРБОНОВА,

саромӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ