Наврӯз пайки шодию нишот ва фараҳтарин ҷашнвораи миллӣ аст, ки бо рисолат, покию нафосат, анъанаю оинҳо ва армуғонҳо ниёгону имрӯзиёнро бо ояндагон мепайвандад. Фарорасии Наврӯз муждаи соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебоиву эҳёи табиати нотакрори кишвар маҳсуб мегардад.
Наврӯзи хуҷастапай ҷашни одам ва табиат ба шумор рафта, айёми сардиву хотираҳои фасли дайро зудуда мегардонад ва бо рангҳои гуногуну партавфишон ормонҳои баҳориро ба кишвари ҳмаешасабзу офтобии мо ворид мегардонад.
Сайри таърихии ҷашни Наврӯз хеле густурда буда, аз даврони бостонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешуд ва таърихи он беш аз шаш ҳазор солро дарбар мегирад. Аз ин ҷиҳат, ин ҷашни бузурги миллии мардумӣ бо созу тараб, шодмонию сурур ҳамрадифу ҳамнаво будааст. Дар ҷашни Наврӯз подшоҳон, тавонгарону эҳсонкорон ба мардум ҳадяву инъомҳо мебахшиданд ва сипоҳиёну хитматгузорони давлат дар ин айём ба рутбаҳо сарфароз мешуданд. Гардишҳои оммавию мардумӣ ба шодию хурсандиҳои бепоён берун аз шаҳрҳо ва тамоми қаламрави тоҷикон ва мардумони ориётабор идома меёфт.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо карда, умри дубора меёбад. Воқеан, дар замони Шӯравӣ дар сатҳи давлатӣ Наврӯз истиқболу гиромӣ намегардид. Вале суннату рамзҳои Наврӯзӣ дар замири инсонҳо нуҳуфтаву боқӣ монда, ҳамчун кишти баҳору шукуфоӣ, ҳатто бо унвони дарвешона маъруфият дошт. Эҳёи Наврӯз бо асли хеш бузургтарин дастовардҳои фарҳангӣ аст, ки пояҳои Истиқлолияти давлатиро тақвияту нерумандӣ мебахшад.
Боиси хушнудист, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бо ибтикориҳою саҳми арзандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23-феврали соли 2010 тибқи қарорномаи Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тавсиб расид. Дар айёми Наврӯз абри найсони баҳорӣ дашту даманро шодоб мегардонад ва чашмаву рӯдҳои софу мусаффо бо беқарорию ҷӯшу хурӯш ҷорӣ мешавад. Табиат ба куллӣ дигаргуну дилоро гашта, дашту пуштаҳо ва саҳрои биҳиштосоӣ Ватан сабзгуну сабзпӯш мегарданд:
Боиси ёдоварист, ки то ҳанӯз суннатҳои бостонии Наврӯз монанди хони наврӯзӣ, поккорию ободкориҳо, либоси наву идона ба бар кардан, роҳандоз кардани бозиҳои гуногуни шавқовар роиҷ мебошад. Алалхусус, дар ин айёми сол мусобиқаҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, бандкашӣ хеле васеъ ва мутантан баргузор меёбад. Дар байни кӯдакону ҷавонон бошад, бозиҳои тухмҷанг, хурусҷанг, кабкҷанг, дастхобонӣ васеъ паҳн шудааст.
Наврӯзи мо меросбари Наврӯзи ниёгон аст. Ин ҷашн ҷанбаи бузурги инсонпарваронаю паҳлӯҳои гуногуни зиндагиро фарогир аст ва аслу пайдоиш ва ватани он Тоҷикистон мебошад.
Бинобар ин, мо, мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу дӯстӣ, ваҳдату якпорчагӣ, кору пайкори созанда ин ҷашни покию зебоӣ, баҳору шукуфоиро дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо шукргузорию саодатмандӣ таҷлил менамоем.
Собирҷон БОЙМУРОДОВ,
омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик