Пайвандакҳои тобеъкунандаи ҷумлаи пайрави шарт дар кулли эҷодиёти адибони назму насри классикону муосири тоҷик истифода шуда, вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Онҳо ба вазифаи эзоҳдиҳандаи сарҷумла ва ҷумлаҳои пайрави дигар омада, дар пурмазмуну маъноҳои иловагии мухталиф бахшидан ҳиссагузор мебошанд.

Хусусан, дар мероси адабии Ҷалолуддини Балхӣ, ки хеле забони пурсарват ва рангоранг дорад, истифода шудааст. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони назми классикии машриқзамин буда, дар арсаи суханварӣ, суханороӣ, суханпардозӣ ва услубиёти зебои забонӣ ҳамчун худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст.

 

Дар байти мазкур пайвандаки «агар» бо шакли ихтисораи пайвандаки «арчи» омада, санъати таззодро ба вуҷуд овардааст:

Агар турк, арчи тоҷик аст, бад-ӯ он шоҳ наздик аст,

Чу ҷон бар тан, валекин тан набинад ҳеҷ марҷонро.

 

Пайвандаки агар ба ҳодисаи фонетикии ихтисоршавии овозҳо дучор омада, дар навбати аввал овози якум, баъд овози дуюм низ аз он ихтисор шуда, ба шакли гар, ар омада метавонад ва ин дар ашъори Балхӣ хеле зиёд истифода шудааст:

Дорем саре, к-он сар бе тан бизияд чун моҳ,

Гар гардани мо дорад дар ишқи ту борикӣ.

 

Баъзан пайвандаки «гар» мавқеашро тағйир дода, дар мобайн кор фармуда шуда, мазмуни ҷумлаи пайрави шартро равшантар зикр намудааст:

Он зулфи мусалсалро гар дом кунӣ ҳолӣ,

Дар ишқ ҷаҳонеро бадном кунӣ ҳолӣ.

 

Дар назми классикӣ баъд аз тамом шудани ҷумла аломати ист намегузоштанду бештар бо пайвандаки пайвасткунандаи «ва» ҷумлаҳоро бо ҳам пайваст мекарданд (сабаб ин, ки то адабиёти тоинқилобӣ пунктуатсия набуд).

 

Пайвандаки «ар» (шакли кӯтоҳи агар) бештар дар назм кор фармуда мешавад ва меъёрҳои вазну қофияи шеърро таъмин месозад:

Эй моҳи фалакпаймо аз манзили мо то ту,

Садсола раҳ ар бошад, як гом кунӣ ҳолӣ.

 

Пайвандаки «ар» дар ҷумла бо пайвандаки пайвасткунандаи «ва» якҷоя омада бошад, аз пайвандаки дуюм (ва) овози а ихтисор шуда, дар натиҷаи он шакли «вар» (в-ар) ҳосил мешавад. Ин шакл дар эҷодиёти Балхӣ бештар истеъмол шудааст ва ин ҳолат дар ҷумлаҳои мураккаби омехта рӯй медиҳад.

 

Пайвандаки «ва» ҷумлаи содаи мустақилро, ки дар ҷои аввал меистад, ба ҷумлаи мураккаби тобеи шартидор, ки баъд аз ҷумлаи содаи мустақил ҷой мегирад, робит месозаду пайвандаки шартии «ар» барои тобеъ намудани ҷумлаи пайрави шартӣ ба сарҷумла хизмат менамояд:

Агар дар шаб бубинандаш, шавад дар рӯз равшантар,

В-ар аз чоҳе бубинандаш, шавад он чоҳ айвоне.

 

Пайвандаки шартии «чун» сермаъно мебошад. Ин пайвандак ғайр аз ҷумлаи пайрави шарт дар ҷумлаҳои пайрави замон, сабаб низ истеъмол мегардад. Дар назми классикӣ, хусусан, дар ашъори Балхӣ бештар кор фармуда шудааст:

Чун ба тахт ояд Сулаймони бақо,

Сад ҳазорон бӯса бар ҳотам занем.

 

Пайвандаки «ки» аз серистеъмолтарин ва сермаънотарин аз пайвандакҳои тобеъкунандаи ҷумлаҳои пайрави таркиби ҷумлаҳои мураккаби тобеъ мебошад. Вай хелҳои гуногуни ҷумлаҳои пайравро бо дигар ҷумлаҳо алоқаманд мекунад. Пайвандаки «ки» ҷумлаи пайрави шартиро бо сарҷумла низ алоқаманд мекунад. Ҳарчанд дар ашъори Балхӣ ин пайвандак серистеъмол бошад ҳам, барои ҷумлаи пайрави шарт камистеъмол аст:

Ҳар хун, ки зи ман рӯяд, бо хоки ту мегӯяд,

Бо меҳри ту ҳамрангам, бо ишқи ту ҳанбозам.

 

Хулоса, ин таҳқиқот аз уқёнуси ашъори шоир қатрае буда, инчунин аз он боз бисёр шаклҳои дигари истифодаи пайвандакҳои тобеъкунандаи ҷумлаи пайрави шарт, тарзи ифода, муносибати он ба сарҷумла, воситаи алоқа ва бар эзоҳи дигар аъзоҳои пайрави ҷумла омадани онро омӯхтан мумкин аст.

 

Абдулло БОБОХОНОВ,

саромӯзгори кафедраи забони тоҷикии факултети филология