Рушди иқтисодӣ, яке аз масъалаҳои муҳими иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад ва тавассути тағйирёбии он ба дараҷаи инкишофи иқтисодӣ, миллӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ баҳо медиҳанд.

Дар соҳаи гуногуни иқтисоди миллӣ, дар ҳаҷми умумии беш аз 4,5 миллиард сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд. Дар соли 2020-ум зиёда аз 300 корхонаву коргоҳҳо бо бештар аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63,000 нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.

 

Иқтисоди кишвар дар соли 2020-ум 4,5 % афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар шуд. Дар ин давра 9,7% афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ 8,8% ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8%, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8% заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд меорад. Хусусан, маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3% афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардонидани бозори дохилӣ ва маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

 

Дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020-ум афзоиш ёфт. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд. Танҳо соли 2020-ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ба зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расидааст.

 

Имрӯз, дар ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва ба суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Бо дарки мавқеи ин соҳа, дар иқтисоди миллии мо рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, соли 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

 

Акмалҷон ВАҲОБОВ,

донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва низоми гумрук