Дар ҳеҷ як масъалаи муҳим бе заҳмату машаққати муайяни мустақилона ҳақиқатро пайдо кардан маҳол аст ва касе, ки аз меҳнат метарсад, худашро аз имконияти пайдо кардани ҳақиқат маҳрум месозад.

Иҷрои кори бакалаврӣ ба донишҷӯ на фақат дар омӯхтани масъалаҳои мураккаб ва рӯзмарраи назария ва амалияи ин ва ё он фанни таълимӣ кӯмак мерасонад, балки дар онҳо малакаи кори илмӣ карданро низ ташаккул медиҳад. Донишҷӯёне, ки дар болои кори бакалаврӣ фаъолона ва эҷодона кор мекунанд, дар санҷишу имтиҳонҳо донишҳои нисбатан амиқу устувор нишон медиҳанд, маводро мантиқан дуруст баён мекунанд ва ба баҳоҳои баланд ноил мегарданд.

 

Иҷрои кори бакалаврӣ басо мураккаб ва серсоҳа аст. Аз ин рӯ, аксар донишҷӯён дар ибтидо дар таълифи он душворӣ мекашанд. Азбаски донишҷӯ аллакай аз курсҳои поёнӣ сар карда аз фанҳои таълимӣ корҳои назоратӣ менависад, бинобар он кафедраҳо ҳар сол дар оғози соли таҳсил оид ба навиштани кори назоратӣ як силсила маърӯза ва сӯҳбатҳои методӣ ташкил медиҳанд. Донишҷӯ вазифадор аст дар ин машғулиятҳо мунтазам иштирок намояд.

 

Барои донишҷӯи хатмкунанда мустақилона омӯхтани корҳои курсӣ ва назоратии солҳои пешин иҷрокардашуда, инчунин бодиққат шинос шудан ба як силсила адабиёти методӣ оид ба ин масъалаҳо хеле зарур аст. Хуб мешуд, агар донишҷӯ стенди «Методикаи навиштани кори бакалаврӣ» – ро, ки кафедраҳо махсус ташкил менамоянд, аз худ кунад. Самарабахшии кори донишҷӯ аз болои кори бакалаврӣ аз бисёр ҷиҳат ба алоқаи доимӣ бо роҳбари илмӣ вобаста аст.

 

Ҳангоми иҷрои кори бакалаврӣ донишҷӯ бояд ба мазмуни ғоявӣ – назариявии он диққат диҳад. Кори бакалаврӣ бояд дар асоси пайдарҳамии мантиқӣ навишта шавад. Дурустии дастгоҳи илмии кори бакалаврӣ низ ҳатмист. Донишҷӯ фақат дар сурате баҳои мусбат мегирад, ки агар дар кор моҳияти мавзӯи интихобшударо ӯҳдабароёна кушода дода тавонад. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки баъзе донишҷӯён ҳангоми иҷрои корҳои бакалаврӣ беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Гоҳҳо мешавад, ки кор аз ягон китоби дарсӣ ва ё адабиёти илмӣ- методӣ ба таври механикӣ рӯйбардор карда шудааст.

 

Маълум, ки ин гуна корҳо натиҷаҳои дилхоҳ намедиҳанд. Донишҷӯ бояд дар хотир дошта бошад, ки кори бакалаврӣ ба он низ вобастааст, ки муаллиф фикру мулоҳиза ва хулосаҳои мавзӯяшро то чӣ дараҷа бо далелҳо асоснок карда тавонистааст. Алҳол дар назди корҳои бакалаврии донишҷӯён на танҳо талаб пешниҳод карда мешавад, ки мавод ӯҳдабароёна баён карда шавад, балки масъалаҳои назариявӣ бо амалияи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ алоқаманд карда шавад.

 

Муваффақияти донишҷӯ аз бисёр ҷиҳат аз муайянкунии мӯҳлат ва марҳилаи кор дар болои мавзӯъ вобаста аст. Амалиёти донишҷӯро дар болои кори бакалаврӣ ба давраҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: а) интихоби мавзӯъ; б) ёфта гирифтани сарчашма ва адабиёт; в) тартиб додани нақшаи корӣ; г) омӯхтан ва таҳлили маводҳои ҷамъшуда; д) навиштан ва танзими кори назоратӣ; е) хулосаҳо ва натиҷаи кор.

 

Яке аз марҳилаҳои муҳими иҷрои кори бакалаврии донишҷӯ ташкили дурусти ҷамъкунӣ ва ба тартиб даровардани мавод мебошад. Ҳангоми интихоби мавод пеш аз ҳама барномаи таълимӣ ва дастури «Нишондодҳои методӣ оид ба навиштани кори бакалаврӣ» – ро ба роҳбарӣ гирифтан зарур аст. Ин гуна дастурро кафедраҳо вобаста ба талаботи фанҳои таълимии ҳамон кафедра тартиб медиҳанд. Дар онҳо барои ҳар як мавзӯъ сарчашма ва адабиёти зарурӣ ва иловагӣ нишон дода мешавад.

 

Ҳангоми омӯхтани сарчашмаҳо таснифу тавсифот, хулосаҳо, далелҳои муҳим, воқеаҳо ва маводҳои оморӣ, иқтибосҳоро дар дафтари махсус навиштан мумкин аст. Дар ин маврид фақат дар як тарафи қоғаз навиштан ва барои қайди фикру мулоҳизаҳои худ, хулосаю иловаҳо, нишон додани ҷои истифодаи мавод дар дафтар ҳатман ҳошияи васеъ мондан зарур аст. Дигар хелҳои ҷамъ кардани мавод низ вуҷуд дорад. Масалан, қайдҳои худро дар варақаҳои махсус ё карточкаҳои алоҳида навишта, баъд онҳоро аз рӯи масъалаҳои мавзӯъ ҷудо кардан осон аст.

 

Вазифаи донишҷӯ на танҳо аз дурусту саҳеҳ навишта гирифтани иқтибосҳо, балки аз навиштани фикру мулоҳизаҳои худ оид ба рақаму далелҳои ҷамъкардашуда низ иборат аст. Ба ин кор шарҳу эзоҳот, хулосаҳо, қайду эродҳо, мулоҳизаи танқидӣ ва қайди ҷойи истифодаи онҳо мансубанд. Дар иҷрои корҳои бакалаврӣ маҷаллаю матбуоти даврагӣ нақши бағоят калонро мебозанд. Истифода бурдани маводҳои рӯзномаю маҷаллаҳо на фақт ҷаҳонбинии донишҷӯро васеъ мекунад, балки дар навишти кори бакалаврӣ ба ӯ кӯмаки беандоза калон мерасонад.

 

Азбаски ҳангоми иҷрои корҳои дипломӣ маводҳои матбуоти даврагӣ чун сарчашма истифода мешаванд, бинобар ин, дар кор унсурҳои таҳқиқоти эҷодӣ зоҳир мегарданд. Вазифаи ҳар як донишҷӯ аз он иборат аст, ки ахбороти матбуотиро амиқ таҳлил намояд, моҳияти илмӣ, методӣ ва иҷтимоии воқеаҳои алоҳидаро сарфаҳм равад.

 

Баъд аз ҷамъ кардан ва ба тартиб даровардани мавод ба навиштани кори бакалаврӣ шурӯъ кардан мумкин аст. Дар сари мизи кори донишҷӯ маводҳои зерини зарурӣ бояд муҳайё бошанд: сарчашмаҳо, конспектҳо, маълумотномаҳо, адабиёти илмӣ, маводҳои архивӣ, маводҳои матбуоти даврагӣ ва ғайра.

 

Дар муқаддима моҳияти мавзӯъ асоснок, ва вазифаҳои кори дипломӣ муайян ва адабиёту сарчашмаҳо мухтасар таҳлил карда мешаванд. Мазмуни мавзӯъ дар фаслҳои кор мувофиқи нақша кушода дода мешавад. Дар хотима хулосаҳои умумии муаллиф, инчунин тавсияҳои амалӣ доир ба мавзӯи таҳқиқшуда баён мегардад. Дар охири кори бакалаврӣ рӯйхати адабиёти истифодашударо тартиб додан лозим аст.

 

Дар мавриди пайдо шудани баъзе камбудиҳо, кор ба тезӣ ба донишҷӯ баргардонда мешавад. Донишҷӯ қайдҳои роҳбарро ба назар гирифта, кори худро ислоҳ менамояд. Иҷрои корро то мӯҳлати охирин кашол додан зарурият надорад.

Ҷ. ШАРИФОВ,

профессор