Норасоии об мушкилоти глобалии тамоми сайёра маҳсуб меёбад. Аз рӯи маълумоти СММ имрӯз дар 80 мамлакати дунё норасоии оби нӯшокӣ эҳсос мешавад.

 

Айни ҳол танҳо 1,2 миллиард аҳолии сайёраи кураи Замин оби тозаро истеъмол мекунад. Ассамблеяи генералии СММ аз 22 марти соли 1993 дар бораи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии об қарор қабул намуд. Эълон гардидани Рӯзи умумиҷаҳонии об иқдоми саривақтӣ ва муҳим буд, зеро дар сайёра талабот ба об мунтазам меафзояд, вале захираи оби тоза кам мешавад, ки боиси мушкилиҳо дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад. Ҳама гуна сарвати дигар, аз ҷумла нафту газ, аксари намуди хӯрокворӣ, зироатро метавон бо чизи дигар иваз кард, вале об ивазнашаванда аст. Об муҳимтарин омили ҳаётии инсоният эътироф шудааст, аз ин рӯ, ниёгон «Об -ҳаёт, ҳаёт об аст» – гуфтаанд.

 

Қабул гардидани ин сана чӣ ба кишвари мо ва чӣ барои тамоми кишварҳои ҷаҳон аҳамияти бузургеро касб кардааст. Мақсади асосии ҷашн баланд бардоштани маълумотнокии ҷомеа вобаста ба муҳиммияти ҳалли мушкилот дар соҳаи захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи он мебошад. Мутафаккири бузург Бен Франклин қайд менамояд, ки мо танҳо баъд аз хушк гардидани тамоми чоҳҳо ба қадри об хоҳем расид. Бинобар ин, дар ҳошияи таҷлили ин санаи муҳим ҳукуматҳо, иттиҳодияҳо ва ҳар як нафарро дар ҷаҳон водор менамояд, ки барои ҳифз ва барқароркунии захираҳои обӣ тадбирҳои судманд ва заруриро роҳандозӣ намоянд.

 

Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба ин масъала иқдомҳои зиёдеро пиёда намудааст. Дар соли 2015 ҷиҳати тақвияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои об, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об моҳи апрели соли 2005 дар Кореяи Ҷанубӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ намояндагони Тоҷикистон низ фаъолона иштирок ва масъалагузориҳо карданд.

 

Муаммои бо оби тоза таъмин намудани аҳолӣ ин пеш аз ҳама таъмин намудани сиҳатии насли ҳозира ва ояндаи миллат аст. Маҳз ҳаминро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали ҳазорсолаи нав бо ташаббусҳои башардӯстона барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об саъю кӯшиши зиёд менамоянд. 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи  оро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор, солҳои 2018-2022» қатънома қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони ин даҳсола бори аввал аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

 

Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март, татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оѓоз гардид. Мувофиқи қатъномаи МУ СММ ҳадафҳои асосии даҳсола ноил гардидан ба рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳитизистӣ, роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ва татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, аз ҷумла ҳадафҳои рушди устувор арзёбӣ мешаванд. Такмили обзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардорӣ аз иттилооти нав дар бораи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули фаъолияти шарикони тарафҳои манфиатдор ва тақвияти иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф ҳадафҳои иловагии даҳсола муайян гардидаанд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд, ба муносибати оѓози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор солҳои 2018-2028» дар Ню-Йорк қайд намуданд, ки имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми сатҳҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад.

 

Хушбахтона, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои об яке аз давлатҳои беҳтарин ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар ҳудуди мамлакатамон 64 миллиард м3 об ташаккул меёбад. Яке аз боигарии беҳамто ва манбаи оби ширини Тоҷикистон пиряхҳо мебошанд. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда дар марзи Тоҷикистон 8492 (14 000) пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6% масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шудааст. Соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ин чунин маъно дорад, ки захираҳои оби пиряхҳо нисбат ба миқдори сарфаи солонаи дарёҳо қариб ҳашт маротиба зиёдтар аст. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ѓарбӣ ва кӯҳҳои Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо баландиҳои 3000-3500 м то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд.

 

Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи дарёҳо ва захираҳои нерӯи обӣ агар дар Осиёи Миёна ҷойи аввалро гирад, дар байни давлатҳои Осиё яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб мебошад. Дар шароити Тоҷикистон истифодаи оқилонаю мақсадноки оби нӯшиданӣ ва полизӣ боиси пешбурди босамари хоҷагидорӣ ва ҳалли масоили ҷойдоштаи марбут ба об, амалҳои ҳифз аз ифлосшавӣ ва аз ҷиҳати гигиенӣ тоза нигоҳ доштани об боиси беҳбудии саломатӣ ва солимии ҷомеа мегарданд. Дар хотир доштан даркор аст, ки таѓйирёбии иқлим боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми об мегардад, аз ин рӯ тоза нигоҳ доштану оқилона истифода бурдани об вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

 

Мавриди зикр аст, ки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд ва ин ҳам иқдоми наҷибонае буд барои зоҳир кардани таваҷҷуҳи хоса дар истифодаи оқилонаву наҷибонаи захираҳои обии кишвар ва баланд шудани обрӯву нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол.

 

Ҷ. БЕРДИЕВ,

дотсенти кафедраи экологияи умумӣ