Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.

 

Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу суббот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем.

Эмомалӣ РАҲМОН

 

Асру замоне, ки дар он мо умр ба сар мебарем, бисёр падидаву ҷараёнҳои хатарзову нигаронкунанда дорад. Инқилоб, муборизаҳои озодихоҳонаи халқу миллатҳо, намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳамоиҳои оммавӣ, кӯшиш баҳри ислоҳоти соҳаи идории давлат барин саҳнаҳо дар ҳар як гӯшаи олам сар задаанд ва ҳатто аз доираи як давлат берун баромада, мувофиқи дараҷа ва характери зоҳиршавии худ таѓйироти ҷузъиву куллиро дар олам падид овардаанд. Бояд қайд кард, ки ҳар як амали манфур аз майнаи манфур бармеояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин навъи майнаи инсонист. Он як навъ таҳдидест ба инсоният, ки хатарнок мебошад.

 

Дар охири асри XIX ва аввали XX амалҳои террористӣ бештар характери сиёсиро ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони чангӣ шабоҳат доранд. Вобаста ба ин, зарур аст, ки воситаҳо ва методҳои лозимӣ айнан мувофиқи мубориза бо терроризм дар сатҳи минтақавӣ, фароминтақавӣ ва ҷаҳонӣ кор карда шаванд. Барои ин лозим аст, ки пеш аз ҳама падидаи терроризми байналмилалӣ таҳқиқ карда шуда, решаҳои он омилҳое, ки инро ба вуҷуд меорад, муайян карда шавад. Бе иқдоми тавофуқшудаву алоқамандонаи тамоми ҷомеаи умумибашарӣ барҳам додани терроризми байналмилалӣ ѓайриимкон аст.

 

Хатаре, ки терроризми байналмилалӣ ба бор овардааст, тақозо менамояд, ки одамон аз хаёлҳои хому назорати ѓалат ва қолабӣ дар бораи мафҳуми «терроризм», ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст халос гардида, пеш аз ҳама аз меъёрҳои духурадор мавриди истифодаи террористҳо, махсусан аз рӯи принсипи «худӣ бегона» бояд даст кашанд.

 

Усмон САМИЕВ,

магистранти соли 1-уми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ