НОРАСОИИ ОБ – МАСОИЛИ ГЛОБАЛИИ САЙЁРА

Норасоии об мушкилоти глобалии тамоми сайёра маҳсуб меёбад. Аз рӯи маълумоти СММ имрӯз дар 80 мамлакати дунё норасоии оби нӯшокӣ эҳсос мешавад.   Айни ҳол танҳо 1,2 миллиард аҳолии сайёраи кураи Замин оби тозаро истеъмол мекунад. Ассамблеяи генералии СММ аз 22 марти соли 1993 дар бораи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии об қарор қабул намуд. Эълон гардидани Рӯзи умумиҷаҳонии об иқдоми саривақтӣ…

Муфассал

ПРОБЛЕМАҲОИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.   Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу суббот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем. Эмомалӣ РАҲМОН   Асру замоне, ки дар он мо умр ба сар мебарем, бисёр падидаву ҷараёнҳои хатарзову нигаронкунанда дорад.…

Муфассал

ТЕХНОЛОГИЯИ QR-КОД ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Дар ҷаҳони муосир ҷараёни иттилоот бузург аст ва зеҳни инсоният ҳама маълумотро коркард карда наметавонад. Вазифаи асосии омӯзгори фанни информатика дар муассисаи таълимӣ ин кӯмак ба рушди қобилияти иттилоотӣ мебошад ва ин на танҳо бо кор, аз қабили коркард, ҷустуҷӯ ва тарҷума аз як шакл ба шакли дигар, балки қобилияти идора кардани чизи нав, универсалӣ мебошад. Технологияи муосири компютерӣ дар ин кор кӯмак мекунад. Ба онҳо ҳам компютер ва ҳам смартфон дохил мешаванд. Барои суръати интиқоли иттилоот, онҳо рамзи QR-код ро пешниҳод карданд. Рамзи QR аз ҷониби ширкати японии “Denso-Wave” соли 1994 таҳия ва пешниҳод шудааст. Маъмулияти зиёди штрих-кодҳо дар Ҷопон маънои онро дошт, ки миқдори иттилооте, ки дар онҳо шифр карда шудааст, ба зудӣ мувофиқ намеояд. Ҷопон озмоишро бо усулҳои нави муосири рамзгузории миқдори ками иттилоот дар тасвири графикӣ оғоз намуд. QR-код аз калимаи англиси гирифта шуда маънояш (англ. quick response – быстрый отклик – ҷавоби фаврӣ). Ин штрих-код маълумоти гуногуни (аз ҷумла кирилӣ, рақамҳо ва аломатҳои махсус) рамзгузорӣ мекунад. Маълумот, умуман, ҳар гуна аст: суроғаи сайт, рақами телефон, корти электронии корӣ, координатаҳои ҷойгиршавӣ ва ғайра. Як рамзи QR-код метавонад аз 7089 рақам ё 4296 ҳарф иборат бошад. Ин имкон медиҳад, ки мундариҷаи иттилоотии стандарти иттилоотиро на танҳо дар китобхона, балки дар утоқи таълимӣ ба таври назаррас бой созад. Барои исботи ин гуфтаҳо метавонед, рамзи QR-код, ки дар  зери мант  тасвир ёфтааст таҷриба намоед. Шуҳрат Зайнуллоев, ассистенти кафедраи ТИ ва МТИ…

Муфассал

КИТОБ РОҲБАРУ РОҲНАМОСТ

Оре, китоб ягона воситаест, ки инсонро дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ дастгирӣ менамояд. Ба тану ҷони инсон нерӯи тоза мебахшад. Китоб роҳбару роҳнамои зиндагист. Китоб омӯзгори беҳамтост, китоб ба инсон некӣ ва бадиро меомӯзад. Хирадмандӣ, фарзонагӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсониро меомӯзад.   Бале, китоб дӯсти беназири инсон аст ва барои инсон гиреҳи ҳар муамморо боз мекунад, фарқ кардани хайру шарр,…

Муфассал

ЗАРАРИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ БА САЛОМАТИИ ИНСОН

Дар замони муосир телефонҳои мобилӣ як ҷузъи ҷудонопазири зиндагии мо гардидаанд. Бо кумаки онҳо ҳамеша бо нафароне, ки ба мо наздиканд дар алоқа шуда, новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи дунё қарор доранд, тамос гирифта метавонем.   Аммо ба ин нигоҳ накарда, телефонҳо хусусиятҳои зараррасонӣ дошта, оҳистаоҳиста ба саломатии инсон таъсири бад мерасонанд.   Бо пайдо шудани аввалин телефонҳои мобилӣ олимон тадқиқоти худро шуруъ намуда,…

Муфассал

ТАЛАБОТ БА ТАЪЛИФИ КОРҲОИ ХАТМИ БАКАЛАВРӢ

Дар ҳеҷ як масъалаи муҳим бе заҳмату машаққати муайяни мустақилона ҳақиқатро пайдо кардан маҳол аст ва касе, ки аз меҳнат метарсад, худашро аз имконияти пайдо кардани ҳақиқат маҳрум месозад. Иҷрои кори бакалаврӣ ба донишҷӯ на фақат дар омӯхтани масъалаҳои мураккаб ва рӯзмарраи назария ва амалияи ин ва ё он фанни таълимӣ кӯмак мерасонад, балки дар онҳо малакаи кори илмӣ карданро низ ташаккул медиҳад.…

Муфассал

РУШДИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ

Рушди иқтисодӣ, яке аз масъалаҳои муҳими иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад ва тавассути тағйирёбии он ба дараҷаи инкишофи иқтисодӣ, миллӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ баҳо медиҳанд. Дар соҳаи гуногуни иқтисоди миллӣ, дар ҳаҷми умумии беш аз 4,5 миллиард сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд. Дар соли 2020-ум зиёда аз 300 корхонаву коргоҳҳо бо бештар аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти…

Муфассал

Бишнав аз най Назаре ба забони ашъори Мавлоно

Пайвандакҳои тобеъкунандаи ҷумлаи пайрави шарт дар кулли эҷодиёти адибони назму насри классикону муосири тоҷик истифода шуда, вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Онҳо ба вазифаи эзоҳдиҳандаи сарҷумла ва ҷумлаҳои пайрави дигар омада, дар пурмазмуну маъноҳои иловагии мухталиф бахшидан ҳиссагузор мебошанд. Хусусан, дар мероси адабии Ҷалолуддини Балхӣ, ки хеле забони пурсарват ва рангоранг дорад, истифода шудааст. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони назми классикии машриқзамин буда, дар арсаи…

Муфассал

ТАЪЛИМИ МУОСИР ВА РИОЯИ МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ДОНИШ

Риояи талаботи дарси муосир аз ҷониби мутахассиси соҳавӣ тақозои замон мебошад. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар сарбории таълимии донишҷӯ (воҳиди заҳматталабӣ барои аз худ кардани касб) дар шакли кредит – бо маърузавӣ, амалӣ, кмро, кмд, таҷриба, кори курсӣ, аттестатсияи хатм муайян гардидааст. Сатҳи ҳазми ин заҳматталабии донишҷӯ аз ҷониби омӯзгор (тютор – роҳбалад)-и фан бо риояи талаботи арзёбии замони муосир аз рӯи низоми…

Муфассал

НАЗАРЕ БА СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ

Соли нави Аҷам – Наврӯз, ки иди байналмилалӣ эълон шуд, моро боз ҳам шоду масрур намуд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони имрӯзи…

Муфассал