НАВРӮЗ – МУАРРИФГАРИ РАСМУ ОИНИ МАРДУМӢ

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.   Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон…

Муфассал

НАВРӮЗИ ДИЁР ОМАД

Мардуми ориёнажод бисёр расму оин ва иду ҷашнҳоро ба ёдгор гузоштаанд, ки яке аз инҳо Наврӯз мебошад. Наврӯз аз идҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, онро ба Ҷамшеди Каёнӣ нисбат медиҳанд. Таърихи пайдоиши ин ҷашн дақиқ нест, аммо мунаққидон ба он хулосаанд, ки Наврӯз зиёда аз се ҳазор сол умр дорад. Ин ҷашни таърихӣ эҳёкунандаи расму оин ва исботкунандаи таърихи тӯлонии фарҳанги мардуми…

Муфассал

РАСМУ ОИНИ МАРДУМИ БАДАХШОН ДАР НАВРӮЗ

Расидан ба Хидирайём, ё худ Наврӯзи деринтизор дар тозабаҳор барои ҳар як инсон иқболи баланду бахти бедор аст, зеро ки баҳор рамзи офариниш рамзи сарсабзиву хушбахтӣ ва некӯиву хушхисолӣ аст. Баҳор, ки худ фасли тозаписанду покизапараст ва шукуфоиву эҳёи табиат аст, аз инсон ҳам чунин тақозо дорад. Аз ин хотир, инсон бояд бо вуруди баҳор ва айёми Наврӯз сиришти худро аз тамоми олудагӣ кинаю адоват, нафсу одат, пок кунад ва чун гузаштагони бовиқору сарбаланд…

Муфассал

АГАР НАВРӮЗ БА ЯКШАНБЕ БИЁЯД…

Аз азал Наврӯз дар ҳаёти мардуми форс нақши бориз дошта, ба урфу одати мо таъсиргузор будааст. Дар “Наврӯзнома”-и Хайём омадааст, ки “Оини мардуми Аҷам аз дергоҳ чунин буд, ки рӯзи Наврӯз мардум бо якдигар мулоқотҳо тартиб медоданд, ба меҳмонии ҳамдигар мерафтанд, кудуратҳои мавҷудро канор мегузоштанд. Соли навро бо либосҳои нав пешвоз гирифта, ба киштукори баҳорӣ оғоз мекарданд”.   Оре, ин оину расми ниёгони мо имрӯз идомаи зебо дорад. Як анъанаи ҷолиб дар…

Муфассал

НАВРӮЗ – ҶАШНИ БАҲОРУ ЭҲЁИ ТАБИАТ

Бо шарофати Истиқлолият ва сиёсти хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзу ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм бо арзишҳои баланди фарҳангии хеш ҷаҳонӣ гашта, ба феҳрасти мероси фарҳангии умуми башарии ЮНЕСКО шомил гардид. Наврӯз ҷашни баҳору эҳёи табиат ва фарорасии Соли нав дар Шарқу Осиёст. Худи суннати истиқболи Соли нав дар айёми эътидоли баҳории шабу рӯз реша дар жарфнои таърих дорад, аммо дар даврони ҳокимияти советӣ ёд дорам, Наврӯз…

Муфассал

ҲАР КУҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ

Наврӯз пайки шодию нишот ва фараҳтарин ҷашнвораи миллӣ аст, ки бо рисолат, покию нафосат, анъанаю оинҳо ва армуғонҳо ниёгону имрӯзиёнро бо ояндагон мепайвандад. Фарорасии Наврӯз муждаи соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебоиву эҳёи табиати нотакрори кишвар маҳсуб мегардад. Наврӯзи хуҷастапай ҷашни одам ва табиат ба шумор рафта, айёми сардиву хотираҳои фасли дайро зудуда мегардонад ва…

Муфассал

ДАР ҲАВО БӮИ БАҲОР АСТ…

Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд! Инак, боз Наврӯзи дилафрӯз бо муждаю нишоташ ба сарзамини мо –Тоҷикистони азиз қадам мегузорад. Ҷашни Наврӯзи хушоин эҳёи табиат ва хуррамӣ аст, ки аз аҳди бостон ва гузаштагони сарбаланду некандеши ниёгонамон барои имрӯзиён мерос мондааст. Воқеан, Наврӯз аз ҷашнҳо ва…

Муфассал

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ДАР ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

  Имрӯз 19-уми марти соли 2021 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии хотирмон баргузор  гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд. Нухуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ҳамаи меҳмонону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод намуд. Ректори донишгоҳ қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни фархундаи  мардуми тоҷик буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар як хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад.  Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҷашни Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд. Сипас, Маҳмурод Раҳмонов, омӯзгори факултети филологияи тоҷик дар мавзӯи «Наврӯз ба ҳар рӯзи Ватан мемонад» баромад намуд.  Дар идомаи чорабинӣ ҷиҳати қадрдонӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявӣ бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин баробар аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи кормандони…

Муфассал

АНДОЗСИТОНОНИ ҶАВОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо ибтикори кафедраи андоз ва андозбандӣ маҳфили навбатии “Андозситонони ҷавон” баргузор гардид, ки дар он Шарифхон Баротзода, сардори Раёсати илм ва инноватсия, Шодмон Бақоев, мудири кафедар, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд. Мафили мазкур дар мавзӯи “Андоз аз молу мулки ғайриманқул” аз ҷониби Муҳаммад Наботов, Вафо Мирзоев, донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси андоз ва андозбандӣ баромад…

Муфассал

РАМЗҲОИ НАВРӮЗӢ АЗ НИГОҲИ КӮДАКОН (СУРАТГУЗОРИШ)

  Имрӯз 19-уми марти соли 2021 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав    хонандагони литсей дар бораи Наврӯз ва рамзҳои онро тасвир намуданд.   Дар расмҳо онҳо рамзҳои наврӯзӣ, аз қабили суманак ва ҳам табиати зебову гулпӯши диёрро тасвир карданд.

Муфассал