Мусобиқаи кушод байни факултетҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба гуштини миллӣ таҳти роҳбарии омӯзгори факултети педагогика ва варзиш Маҷидзода Усмон барои дарёфти рохат ба Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни мактабҳои олии ҳудуди вилояти Хатлон ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳангоми рақобат дар вазни 55 кг Хоҷаев Акбар, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ, дар вазни 60 кг Фатоев Фирӯз, донишҷӯёи факултети педагогика ва варзиш, дар вазни 65 кг Хайрулоев Муслиҳиддин, донишҷӯи факултети педагогика ва варзиш, дар вазни 70 кг Муҳиддинов Довуд, донишҷӯи факултети педагогика ва варзиш, дар вазни 75 кг Ҳақназаров Ҷовидон, донишҷӯи факултети педагогика ва варзиш, дар вазни 80 кг Шарифзода Шамсиддин, донишҷӯи факултети педагогика ва варзиш, дар вазни 90 кг Назаров Ҷумахон, донишҷӯи факултети филология ва дар вазни 100 кг Аҳмадхонзода Бахтовар, донишҷӯи факултети педагогика ва варзиш барои иштирок дар Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни мактабҳои олии ҳудуди вилояти Хатлон роҳхат ёфтанд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ