Дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешниҳоди шӯъбаи муҳосиботи донишгоҳ оид ба  10 %  баланд бардоштани маоши моҳонаи кормандони донишгоҳ баррасӣ гардид.

 

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, раиси Шӯро зимни муҳокимаи пешниҳод қайд намуд, ки Раёсати донишгоҳ аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони соҳаи маориф қаноатмандӣ намуда, оид ба 10%  баланд бардоштани маоши моҳонаи кормандони донишгоҳ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ баромад кард.

 

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур аъзоёни Шӯро, профессорон  Ҷ. Шарипов, А. Сатторов ва Ҷ. Сафаров андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки  қадр кардани меҳнати омӯзгор аз тарафи ҳукумату давлат ва роҳбарияти донишгоҳ моро вазифадор менамояд, ки дар кору пайкори хеш содиқ монда, дар таълиму тарбияи насли ояндадори миллат нақши муассир гузорем.      

 

Баъди баррасии масъала  ва муҳокимарониҳо  ҷаласа дар ин хусус

                                                      қарор кард:

1. Пешниҳоди шӯъбаи муҳосиботи донишгоҳ ва фикру мулоҳизоти аъзоёни Шӯро ба эътибор гирифта шавад.

2. Аз моҳи апрели соли 2021 маоши моҳонаи кормандони донишгоҳ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 10%  зиёд карда шавад.

3. Иҷрои қарои мазкур ба ӯҳдаи муовини ректор оид ба иқтисод Маҳкамов К. гузошта шавад.

4. Назорати иҷрои қарор ба зиммаи муовини ректор оид ба таълим Абдураҳимзода Қ. С. вогузор карда шавад.