Омӯзгори ҷавони кафедраи педагогика ва психология Фаридун Холмуродов дар факултети забон ва адабиёти рус, дар мавзӯи “Пайдоиши маълумот. Пайдошавии хат” аз фаннӣ педагогика барои муҳасилини бахши аввали ихтисоси забон адабиёти рус – англисӣ дарси намунавии КМРО доир намуд.

Дарс тариқи талаботи дарси муосир ба роҳ монда шуд. Бахусус, дар ҳар як қисмати дарс аз қабил баёни мавзўи нав, мустаҳкамкунӣ, тарзи корбарии омўзгор бо хонандагони сустхон, супориши вазифаи хонагӣ, ҳавасмандкунии хонандагон методҳои мувофиқ интихоб ва истифода шуданд.
Донишҷӯён вобаста ба нақшаи мавзӯъ бо алоқамандкунии донишҳои назариявӣ бо амалия дар раванди машғулият мушоҳида шуд.
Вобаста ба талаботи дарси муосир ба ташаккули неруи зеҳнӣ ва равонию саҳеҳии нутқи шифоҳии донишҷўён аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, мазмун ва мундариҷаи дарс аз нуқтаи назари илмӣ, амалӣ ва методӣ ба хонандагон пешниҳод гардид.