Имрӯз 7-уми апрели соли 2021 дар факултети забони англисӣ дарси кушоди таълимӣ-тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он Қ. Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим, Х. Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбия ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст, дарси кушоди таълимӣ-тарбиявиро номзади илмҳои филологӣ дотсенти кафедраи методикаи таълими забони хориҷӣ Неъмат Раҷабов аз фанни забони олмонӣ дар мавзӯи “Navrus-21” бо забони олмонӣ оғоз намуд.

Сипас, барномаи рангин иборат аз шеърхои наврӯзӣ, саҳначаи гулгардонӣ ва намоиши либосҳои миллиро забони олмонӣ дар иҷрои донишҷӯёни гурӯҳи 101-и ихтисоси забони англисӣ манзури иштирокчиён намуданд.

Дар охир, Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим ва Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбия барои дар сатҳи баланд омода намудани донишҷӯён изҳори сипос намуданд. Сипас, барои забони олмониро аз худ кардани донишҷӯён ба омӯзгор Неъмат Раҷабов офарин хонданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ