Бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, зебопарастӣ, тарбияи экологию эстетикӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ , дақиқ ва риёзӣ , инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт озмуни умумидонишгоҳии “Сайри гули лола” баргузор мегардад.

Муқаррароти умумӣ
1. Озмуни умумидонишгоҳии “Сайри гули лола” бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҳамасола баргузор карда мешавад.
2. Озмун бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, зебопарастӣ, тарбияи экологию эстетикӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт баргузор мегардад.
3. Озмун аз се номинатсия иборат аст.
– Муаррифии факултетҳо тавассути ороиши гулҳои мавсимӣ (аз қабили гули лола).
– Навиштани эссе дар васфи зебогии табиат ва хусусиятҳои гулҳо.
– Қироати шеърҳо, хондани рубоиҳои халқӣ дар васфи баҳору табиат.
4. Сарпарасти озмун ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.
Кумитаи тадорукот дар ҳайати зерин ташкил карда мешавад:
Абдураҳимзода Қ. – муовини ректор оид ба таълим;
Собиров Ҷ. – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия;
Фатҳуллоев И. – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ;
Раҷабзода Х.А. – муовини ректор оид ба тарбия;
Маҳкамов К.Ш. – муовини ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидорӣ;
Хайрзода А. Г. – сардори раёсати таҳсилот;
Шукурзод Ҷ.А. – сардори шуъбаи кадр;
Тоҳириён З. – сардори гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот;
Баротзода Ш. – сардори раёсати илм.
Дар тарғиб, ҷалб, ҷараёни баргузории озмун идораи рӯзномаи “Фурӯғ” сардори маркази иттиллот иштирок мекунанд.

Комиссияи озмунӣ дар ҳайати зерин ташкил карда мешавад:

Давлатзода С.Х. – ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Шарифов М. -раиси иттифоқи касабаи донишгоҳ
Тағоймуродов Р. -профессори кафедраи адабиёти тоҷик
Ғаффуров Б. -мудири кафедраи химияи органикӣ ва биохимия
Саидов Ҷ. -мудири кафедраи забони тоҷикӣ
Муминов А. -директори литсейи назди донишгоҳ
Ғолибони озмун вобаста ба номинатсияҳо бо дипломи дараҷаи 1, 2, 3 ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми муқарраргардида мукофотонида мешавад.