Пешрафти кори таълиму тарбия, барқарор намудани хусусиятҳои миллӣ, ҳифзи мероси моддию маънавии арзишҳои офаридаи гузаштагон, таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ва фаҳмиши арзишҳои умумибашариро тақозо менамояд.

Барои иҷрои ин вазифа устодон тамоми қувваю ғайрати худро сафарбар бояд кунанд. Ба муаллимон дар ин кори наҷиб педагогикаи нав, ки ба пойдору устувор гардидани истиқлолият ва мустақилияти Тоҷикистон хизмат мекунад, мададрасон аст, зеро тарбияи миллӣ мақсади давлат ва ҳукумат дар самти маориф мебошад. Дар «Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд шудааст: «Вазифаи маълумот дар шароити давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз он иборат аст, ки шаҳрвандони сатҳи маърифаташон баланд, дорои тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушд ёфта ва соҳиби маҳорату малакаи касбиро тайёр намояд». Дар ин замина мактаби миллӣ бояд чунин сифатҳои воло – ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, ахлоқу одоби миллӣ, поквиҷдонӣ, эътиқоднокӣ ва шуури миллиро дар ниҳоди шогирдон парвариш ва инкишоф диҳад. Баробари ин, дар онҳо нисбат ба сифатҳои манфӣ-бефарқии миллӣ, ватанфурӯшӣ, хиёнат, миллатчигӣ, маҳалбозӣ, бевиҷдонӣ ҳисси нафрат бедор кардан зарур мебошад.

 

Давлати ҷавони Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ баҳри пешрафти тамоми соҳаҳо чораҳо андешид. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат сулҳу осоиштагӣ, ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ барқарор гашт. Баъди ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён тоҷикон боз соҳиби давлати миллии худ гардиданд ва Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон рушд ёфт. Асри 21 барои миллати тоҷик чун давраи Сомониён асри тиллоӣ хоҳад шуд. Комёбиҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолияти миллӣ мояи ифтихори ҳар сокини Тоҷикистон мебошанд. Гузаштагони мо на фақат фарзандони худро тарбия медоданд, балки нисбат ба тарбияи хешу таборҳо, фарзандони маҳалла низ бетафовут назар намекарданд, аз ҳамаи ҷавонон насиҳатҳои пурмуҳтавояшонро дареғ намедоштанд. Ҷавононро ба «фарзанди ман», «фарзанди ту» ҷудо намекарданд. Кори тарбияро ҳамагон қарзу фарз, кори савоб меҳисобиданд. Яъне аз қадим байни тоҷикон тарбияи наврасон кори ҳамагонӣ буд.

 

Воситаҳои тарғиби ифтихори миллӣ гуногунанд, аз ҷумла кухшиш бояд кард, то хонандагон донанд, ки ибораи «халқи тоҷик» чиро мефаҳмонад, чун фарзанди ҳамин миллат худро эҳсос кунанд ва забони модариро дӯст доранд, бо ин забон сухан гӯянд, фикру андеша ронанд. Аз қадим ватандӯстӣ анъанаи халқамон гаштааст. Ҳар каси оқил ҷои таваллуд, хонадон, деҳа ва шаҳри худро бо фахр ба забон мегирад.

 

Аз ҳамин ҷост, ки ибораи «Ватан – Модар» маъмул гаштааст. Ҳисси ватандӯстӣ дар кӯдакӣ пайдо шуда, то охири умри инсон боқӣ мемонад. Бинобар ин, меҳри ватандорӣ ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон зарур аст, то ки ба ҳаммиллатони худ наздик бошад, аз тоҷикистонӣ буданаш ифтихор намояд. Ватандӯстӣ ё меҳанпарастӣ дар назди Ватан ва миллат масъулият доштан, ба манфиати Ватан зистану меҳнат кардан, ба тараққиёти он ва баланд шудани эътибори миллат ҳисса гузоштан аст. Ҳамин тавр, роҳҳои тарбияи ифтихори миллӣ фаровонанд ва истифодаи онҳо ба муаллимон ва падару модарон ёрӣ мерасонад, ки дар замири ҷавонон ва наврасон рафтори нек, ахлоқи пок, меҳнатдӯстӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаро парварида, ҷамъиятро шукуфотар ва орӣ аз ҳама гуна нуқсонҳои маънавӣ намоянд.

 

Сироҷиддин ХОҶАЕВ,

омӯзгори факултети иқтисодӣ