Дар синфҳои боло гузаронидани дарси идона аз фанни адабиёт аҳамияти калон дорад. Чунин машғулият хонандагонро ба мароқ оварда, нағз аз худ шудани мавзӯъҳои таълимиро таъмин менамояд. Дарси идона ҳамчун ҷашни адабӣ ба тарбияи бадеӣ – зебопарастии хонандагон ёрии калон мерасонад.

Дарси идона бо хусусияти худ ба дарси такрор монанд буда, дар он дониши аз мавзӯъ гирифташуда бо тарзу воситаҳои гуногун аёнию таъсирбахш такрор карда мешавад. Дарси идона, одатан дар поёни мавзӯъҳои монографии С.Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М.Турсунзода гузаронида мешавад. Гузаронидани дарси идона тайёрӣ ва вақти зиёд металабад. Ба ин мақсад аз ҳисоби соатҳои такрор ва ё дарсҳои иловагӣ се-чор соат ҷудо кардан кифоя аст. Ҳаҷми мавзӯъ ва корҳоеро, ки дар дарс гузаронида мешаванд, ба назар гирифта, ду соатро якҷоя кардан низ мумкин аст.

Дарси идона аз дарси такрор бо хусусияти худ фарқ мекунад. Агар дар дарсҳои такрор маводҳои омӯхташуда бо роҳи маърӯза, суҳбат ва ё корҳои хаттӣ такрор карда шаванд, дар дарси идона дониши хонандагон бо шаклу воситаҳои гуногун намоиш дода мешаванд. Дарси идона хурсандиву фараҳ мебахшад, хонандагон суруд мехонанд, дар фони мусиқӣ порчаҳои адабӣ хонда, аз номи қаҳрамонҳо гап мезананд, суратҳои тайёр кардаашонро намоиш медиҳанд, матнҳоро ба тариқи хор мехонанд, мерақсанд ва ғайра. Хулоса дарс ба ҷашни адабӣ ва соати хурсандӣ табдил мегардад.

Ба дарси идона хонандагон бо роҳбарии муаллим рӯзҳо ва ҳафтаҳо тайёрӣ мебинанд. Муаллим вобаста ба дарс ҳар рӯз ба хонандагон аз мавзӯъ супоришхо дода, натиҷаи онҳоро пеш- пеш санҷида меистад.

Дар асарҳои М.Турсунзода, аз ҷумла дар силсилаи шеърҳои Ҳиндустонӣ, одами замони шӯравӣ ва хислатҳои наҷиби ӯ, дар образи худи шоир ифода ёфтааст.

Дар ашъори Ҳиндустонии М.Турсунзода тасвири Ватан ва давлати шӯравӣ ҳамчун пушту паноҳи халқҳои дунё ва қалъаи мустаҳками озодӣ, эътибор ва таъсири он дар байни халқҳои ҷаҳон ҳамчун масъалаи асосӣ ва марказӣ ба ҳисоб меравад. Тавассути ин тарғибу талқини идеяҳои ватандӯстию инсонпарварӣ, озодиву дӯстӣ, мубориза ба муқобили империализм, даъват ба сулҳ аз муҳимтарин хусусиятҳои шеърҳои М.Турсунзода гардиданд.

М.Турсунзода дар шеъри «Рӯди Ганг» ба воситаи дарёи Ганг ба халқи Ҳиндустон, ки ҳиссаи халқҳои ҷаҳон аст, муроҷиат намуда, онро ба мубориза даъват мекунад.

Силсилаи шеърҳои ҳиндустонии М.Турсунзода аҳамияти бузурги иҷтимоӣ-сиёсӣ доранд. Шеърҳои ҳиндустонии шоир аҳамияти бадеӣ низ дорад. Шеърҳои мазкур аз ҷиҳати маҳорати бадеӣ-мундариҷанокӣ, санъати баланди тасвир, офариниши образҳои тоза, забон ва услуби навоварона ва истифодаи тарзу воситаҳо аз камолоти адиб шаҳодат медиҳанд, аз ин рӯ, онҳо дар назми солҳои панҷоҳуми тоҷик асарҳои марҳилавӣ ба ҳисоб мераванд.

Хулоса, силсилаи шеърҳои ҳиндустонии М.Турсунзода дар адабиёти шӯравӣ ҳамчун намунаи барҷастаи назми реализми сосиалистӣ шинохта шудаанд. Ба М.Турсунзода дода шудани унвони фахрии Лауреати мукофоти Давлатӣ баҳои сазовори ҳизб ба ин асарҳо ва ба меҳнати эҷодии адиб мебошад.

Барои мустаҳкам намудани дарс аз чунин саволҳо истифода бурда мешавад:

– Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» кай аз чоп баромад?

– Ин силсилаи шеърҳо кадом шеъру манзумаҳои шоирро дар бар мегирад? Онҳоро номбар кунед.

– Мавзӯи шеърҳои ҳиндустониро чиҳо ташкил мекунанд?

– Силсилаи шеърҳои ҳиндустонии М.Турсунзода дар байни асарҳои дар мавзӯи Ҳиндустон эҷодкардаи дигар адибон чӣ гуна мавқеъ доранд?

– Аҳамияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ғоявӣ-бадеии шеърҳои ҳиндустониро гуфта диҳед.

Ба назари мо, ҳамчун намуна «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Рӯди Ганг»-ном шеърҳоро интихоб кардан ва аз рӯи онҳо гузаронидани хониши бадеӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ҳаҷми ин асарҳо имконият медиҳад, ки дар ҷараёни як дарс бо роҳи хониш ва нақли бадеӣ хонандагонро бо мундариҷаи ғоявию бадеии шеърҳои мазкур пурратар шинос кардаву доир ба инкишофи нутқ кор бурда шавад.

Чун дигар машғулиятҳои кор бо матн муаллим дар мавриди суҳбати муқаддимавӣ дониши хонандагонро аз дарси гузашта хотиррасон менамояд ва мавқеи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Рӯди Ганг»-ро дар байни шеърҳои ин силсила фаҳмонида медиҳад. Доир ба ин ду шеър калимаву ибора ва ифодаҳои образнокро маънидод мекунад, тарзи хониши онҳоро нишон медиҳад.

Маълум аст, ки дар шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Рӯди Ганг» ҳаёт ва тақдири халқҳои меҳнаткаши ҳинд тасвир шудааст. Туфайли хониш ва таҳлили шеърҳои мазкур хонандагон бо мамлакати Ҳиндустон, манзараҳои зебову дилкаш ва мардуми бенавои он, ки асрҳо гирифтори истисмори империалистони Англияю Америка ва феодалони маҳаллӣ буданд, шинос мегарданд. Аз хониш ва таҳлили ин намунаҳо хонандагон ба хулосае оварда мешаванд, ки шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Рӯди Ганг» дорои аҳамияти бузурги ғоявӣ-бадеӣ буда, моро бо вазъияти онвақтаи Ҳиндустон ва натиҷаҳои ғамангези сиёсати империалистони Ғарб ва Америка шинос менамоянд. Шеърҳои ҳиндустонии М.Турсунзода, аз ҷумла «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Рӯди Ганг», ба халқҳои озодидӯсти Шарқи мазлум барои фаҳмидани моҳият, вазъият ва муборизаи бошуурона кӯмак мерасонанд.

Дарс бо роҳи суҳбат мустаҳкам ва ҷамъбаст карда мешавад. Дар вақти мустаҳкамкунӣ аз саволҳои зерин истифода бурда мешавад:

1.Дар шеъри «Қиссаи «Ҳиндустон» аз ҳаёти кадом табақаи аҳолии Ҳиндустон ҳикоя карда шудааст?

2.Шоир барои ба чунин аҳвол гирифтор шудани ин гурӯҳи аҳолии Ҳиндустон киҳоро айбдор мекунад?

3.Қиссаи махав ва махавхонаи Самарқанд, ки дар шеър оварда шудааст, бо мавзӯъ ва мундариҷаи асосии «Қиссаи Ҳиндустон» чӣ хел муносибат дорад?

4.М.Турсунзода дар шеъри «Қиссаи Ҳиндустон» табиат ва манзараҳои зебову мафтункунандаи Ҳиндустонро тасвир кардааст. Мақсади шоир аз ин тасвирот чист? Диқкати шоирро бештар чиҳо ба худ кашидаанд, табиат ва манзараҳои зебову дилкаш ва ё чизи дигар?

5.Шоир дар охири шеър ба чи хулоса меояд? Вай киҳоро махавҳои ҳақиқӣ номидааст? Дар дарси даҳум масъалаҳои маҳорати бадеӣ, забон, услуб ва тарзи баёни М.Турсунзода омӯхтаву вобаста ба мавзӯъ аз назарияи адабиёт дар бораи халқияти адабиёти шӯравӣ маълумот дода мешавад.

Пеш аз баёни мавзӯъ бо роҳи суҳбат аниқ бояд намуд, ки дониши хонандагон доир ба мафҳумҳои маҳорати бадеӣ, забону услуб ва тарзи баёни нависанда чӣ гуна аст ва онҳо вобаста ба асарҳои кадом адибон, аз ҷумла асарҳои М.Турсунзода, доир ба ин масъалаҳо маълумот гирифтаанд ва кадоме аз онҳоро нағз дар хотир доранд.

Маълум аст, ки хонандагони синфи 11 то ин дам вобаста ба омӯзиши асарҳои ҷудогонаи адибони классикӣ ва шӯравӣ доир ба масъалаҳои маҳорати бадеӣ, забону услуб ва тарзи баёни нависанда ба ин ё он дараҷа фаҳмиш ҳосил кардаанд.

Вазифаи аввалини муаллим аз он иборат аст, ки пеш аз баёни мавзӯъ дониши хонандагонро доир ба ин мафҳумҳо такрор ва баъд онро бо факту аломатҳон нав пурра намояд. Чунин усули кор имконият медиҳад, кн дар маърӯза маҳорати бадеӣ, забону услуб ва тарзи баёни адиб чуқуртар омӯхта шавад. Ташкили омӯзиши ин масъалаҳо ба маҳорати муаллим ва истифодаи тарзу воситаҳои гуногуни методӣ вобаста аст. Агар муаллим дар ҳар як машғулият вобаста ба асарҳо доир ба маҳорати бадеӣ, навоварӣ, ё худ забон ва услуби бадеии шоир маълумот диҳад, ҷамъбасти ин масъалаҳои назариявӣ дар ин дарс хеле осон мегардад.

Муаллим ба шарҳи масъалаҳо шурӯъ намуда, таъкид менамояд, ки мероси бои адабиёти тоинқилобии тоҷик, адабиёти шӯравии рус ва халқҳои шӯравӣ ба ташаккули услуби хоси М.Турсунзода сабаб гардида, ба навоварии ӯ ёрӣ расонидаанд.

Зиёратшоҳ ТОҲИРИЁН,

номзади илмҳои филологӣ