Ном – нисфи ҳусни инсон мегӯянд. Дурустараш ном кулли ҳусн аст. Агар ном зебо бошад, шуниданаш гӯшу дилро навозиш медиҳад. Махсусан номҳое, ки ба гулҳои баҳорӣ, ба ҳусну зебоӣ, ба покию иффат, ба далерию мардонагӣ, футуввату ҷавонмардӣ тааллуқ дошта бошанд.

Аз рӯи ном бархе аз одамон сазовори дӯстдориву иззат мегарданд. Аз ин рӯ, пеш аз оне ки ба навзод ном гузошта мешавад, бояд маънии он дақиқ шуда бошад. Бисёриҳо номи шунида ва ё аз кинофилмҳо дидаашонро кӯр-кӯрона ба фарзандон мегузоранд. Дар ин баробар онҳое, ки аз сифатҳои ҳамидаи пайғамбари ислом хабардоранд, ба эҳтироми ӯ, бо орзую ҳавас фарзандашонро Муҳаммад унвон медиҳанд. Ба андешаи мо бисёриҳо ин номро хор мекунанд, ба он маънӣ, ки хулқу хӯйи хуб надоранд. Аз тарафи дигар падару модарони сахтдаҳан бо «лутф»-у «навозиш»-ашон ба номи пайғамбар иснод меоранд.

Хушбахтона, мардуми мо давоми чанд даҳсола аз гузоштани ҳар гуна номҳои ба ашёву рӯзгори хона вобаста даст кашидаанд. Вале ҳанӯз ҳам ҷо-ҷо ба ин гӯшхарошҳо вомехӯрем. Итифоқан аз падаре пурсидем, ки чаро ба фарзандаш Теша ном ниҳодааст? Дар ҷавоб гуфт: «Ба хотири бобояш». Баъзеҳо бошанд ба фаҳмиши худ ба номҳои асбобҳову ҳайвонот «ҳусн» андохта, ба монанди Тешагулу Тешабой, Табараливу Гургалӣ ном мебофанд. Ин ҳама беаҳамиятӣ ҳусни соҳиби номро коҳиш медиҳад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия намудааст.

Феҳристи мазкур аз ҳарфи А то Я-и алифбои тоҷикӣ 3360 номро дар бар гирифтааст. Волидонро зарур аст, ки дар такя ба номҳои пешниҳодшуда, номҳое, ки дар заминаи меъёрҳои таърихӣ пайдо шудаанд ва ҳамчун арзиши маънавии миллӣ эътироф гардидаанд, ба фарзандони хеш ном гузоранд. То ин ки онҳо аз доштани номи зебо розӣ бошанду байни хосу ом сарбаланду руҳбаланд гарданд.

 

М. АСОЕВА, «Фурӯғ»