Бо ибтикори кафедраи биологияи умуми факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар  дар мазӯи “Хусусиятҳои биологи ва шифобахшии растаниҳои оилаи пиёзгулон” баргузор гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ   Шарифхон Баротзода, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ва  аъзоёни кафедра иштирок карданд.

Дар  мизи мудаввар Дилором Пириева, омӯзгори кафедраи биологияи умумӣ оид ба мавзӯи “Хусусиятҳои биологии растаниҳои оилаи пиёзгулон” баромад намуд. Дар ин баробар Қиёмиддин Амиров, саромӯзгори кафедраи биологияи умумӣ дар мавзӯи “Хусусиятҳои шифобахшии растаниҳои оилаи пиёзгулон” баромадҳои саҳеҳ намуданд.

Ҳангоми муҳокимаи мавзӯъҳо иштирокчиён ба маърузакунандагон саволҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир,  Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ фикру мулоҳизаҳо ва пишниҳодҳои худро доир ба мизи мудаввар иброз намуданд.