Дар раванди роҳандозии ҳаёт тарбияро дар мадди аввал бояд қарор дод. Бо вуҷуди илму дониш омӯхтану саводи хуб доштан зина ба зина хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз қабили эҳтиром ба калонсолон, муомилаи хуб бо атрофиён, ростқавлу росткор буданро дар ботини насли наврас бояд парвариш намуд.

Миллати тоҷик маҳз бо шарофати афкору андеша, забон, маърифат, илму маориф, фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ ба дигарон ошно гардида, дар баробари раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдорӣ ба масъалаи рушди мактабу маориф ва умуман таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус медиҳад. Ганҷинаи бебаҳои осори олимону адибон бо ҳикоя, гуфтор, нақл ва афсона дастраси насли нав гардида, ҷиҳатҳои беҳтарини анъанаҳои оилавӣ ҳамчун хотираи иҷтимоӣ қабул карда шуда, дар тарбияи ахлоқии ҷомеа нақши намоён мегузорад. Орзую ормони гиромидошти фарзанд, ҳурмати волидон ва калонсолон уҳдадории тарафайни онҳо дар оила аз насл ба насл мегузарад ва ҷавононро ба риояи талаботи ахлоқӣ пухта мегардонад.
Вазифаи муҳими омӯзгорон тарбиятдиҳандагони имрӯз тайёр намудани насли наврасу ҷавон ба таҳсил, касбомӯзӣ, фаъолият ва зиндагӣ кардан дар асри пур аз дигаргуниҳои иҷтимоию фарҳангӣ, техникиву сиёсӣ мебошад, зеро дар шароити кунунии ҷумҳурии мо ташаккули инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият дар заминаи демократӣ бояд сурат гирад. Аз ин лиҳоз омӯзгор бояду шояд дар бораи мақсад ва вазифаҳои тарбияи шаҳрвандӣ, ифтихори миллӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳми фаъол гузорад, то шогирдонаш хусусиятҳои ҳисси дунявии ин сохти ҷамъиятиро дар худ комилан инъикос карда тавонанд. Насли навсрасу ҷавон бояд дар натиҷаи тарбияи дурусту солим дар ҷомеа мавқеи худро муайян намуда, барои халқу ватани худ хизмат намояд.
Омӯзгорон фаромӯш бояд накунанд, ки баробари дониш андӯхтан ба шогирдон ба онҳо роҳи дурусти эҳсоси ватандӯстию ватанпарвариро омӯзонид. Хулоса, барои тарбия намудани шогирдон фориғболӣ набояд кард. Аз ин лиҳоз, барои тақвият додани ахлоқи ҳамида, тарбияи муфид омӯхтани панду ҳикматҳо, осори ниёгон ва анъанаҳои миллӣ аҳамияти калон доранд.
Хуршед ДАВЛАТОВ,
ҷонишини декан оид ба тарбия дар факултети математика – информатика