Пайдо гардидани ишқи касбу ҳунар дар қалбу вуҷуди ҳар кас аз меҳру муҳаббат ва самимияту таваҷҷуҳи он пеша шаҳодат медиҳад. Вуҷуди инсон аз доштани орзуву ниятҳои наку, мақсаду ҳадафҳои муайян орӣ нест. Ҳамаи ин ба мо имкон медиҳад, ки баҳри амалӣ шудани хоҳишҳоямон мусоидат кунад. Вале боз ҳам дар ин ҷода омӯзиш, хоҳишу завқ, тавоноӣ, маҳорату истеъдод ва ҳамкориву фаъолияти пайваста мусоидат мекунад.

Меҳнату заҳмат дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт василаи оромию осоиштагӣ ва сарбаландии инсонист. Имрӯзҳо мо бо нафароне рӯ ба рӯ мегардем, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон ва ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб сохтани онҳо нақши бориз доранд. Ҳунарҳои ресандагӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, бандбофӣ, чакандӯзӣ, қаламкашӣ, кандакорӣ ва ба монанди инҳо яке аз намудҳои маъмули ҳунарҳои ниёгонамон ба шумор рафта, то ба имрӯз бо шаклу услубҳои хос омада расидаанд. Фарҳанг оинаи рӯзгори мардум буда, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як ҷузъи арзишманди он аст. Моро зарур аст ба хубӣ дарк намоем, ки ҳунарҳои мардумӣ таҷассумгари меҳру муҳаббати халқ буда, Тоҷикистонро дар байни мардуми олам муаррифӣ менамояд.
Дар замони муосир мардуми кишвари азизамон ҳунарҳои мардумиро сайқал дода, ба тарзи замонавӣ тарҳрезӣ карда истодаанд. Мо халқи тоҷик дар ҷаҳон як миллати бофарҳанг ва ниёгони қадимаи ғанӣ дорем, аз ин лиҳоз бояд либосҳои қадимаи ниёгони худро ба бар намуда, фарҳанги гузаштаамонро нигоҳ дошта, инкишоф диҳем.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боис шуд, ки дар баробари дигар ҳунарҳои ниёгонамон санъати кандакорӣ рушд намояд. Кандакорӣ санъати қадимаву хеле арзишманди миллати мо маҳсуб ёфта, дар он умеду орзу, хулқу атвор ва зебоипарастии халқи куҳанбунёди тоҷик инъикос гардидааст. Ин аст, ки дар факултаи техникӣ ва технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллӣ фаъолият дорад.
Маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои милии факултаи техникӣ ва технологии донишгоҳ бо тамоми асбобҳои муосири технологӣ, аз қабили дастгоҳҳои харротии чӯб, коркарди филизот ва пластмасса, асбобҳои коркарди дастӣ ва барқии масолеҳҳо таҷҳизонида шудааст. Марказ бо мақсади ба донишҷӯён ва хоҳишмандон омӯзонидани истифодабарии тарзи дурусти асбобҳои муосири технологӣ ва рушду нумуъ додани ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар ин ҷо ғайр аз дарсҳои амалию озмоишии умумитехникӣ ба хоҳишмандон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ – кандакорӣ, кошинкорӣ, доғсӯз ва монанди инҳо ба роҳ монда шудааст. Дар кафедраи технологияи коркарди масолеҳҳои факултети техникӣ ва технологӣ озмоишгоҳҳои мошинолотҳо ва назарияи механизмҳо, технологияи коркарди матоъ, технологияи коркарди маҳсулоти хӯрока ва устохона оиди кандакорӣ дар чӯб ва коркарди металҳо мавҷуд аст. Дар ин факулта донишҷӯён маҳорати хешро ғанӣ гардонида, ба ин васила ҳунари аҷдодии худро бештар сайқал медиҳанду ба омӯзиши асрори он зиёдтар мепардозанд.
Пайдост, ки ҳифзи ҳунари ниёгон рисолати муҳим дар назди таърих маҳсуб меёбад.
Хушбахтона, имрӯз санъати кандакорӣ дар ҷумҳурӣ рушд карда, ҳангоми шаҳрсозӣ, бунёд кардани иншооти нав истифода мешавад. Кандакорӣ, ки навъи санъати ороишиву пардозгарӣ мебошад, тавассути кандану буридани чӯб, гаҷу гил ва устухон тарҳрезӣ мешавад. Нозукиҳои ин ҳунар ба донишандӯзон, завқмандони соҳаи мазкур дар ДДБ ба номи Носири Хусрав ба таври бояду шояд омӯзонида мешавад.
Р. ОЗОДАИ,
«Фурӯғ»