Дар кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети иқтисодӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди баҳисобгирии муҳосибӣ тибқи стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ дар муассисаҳои буҷетӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ҳакимов Абдумалик, омӯзгори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит дар мавзъӯи “Нақшаи ягонаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ тибқи стандартҳои баӣналхалқии ҳисоботи буҷети давлатии Тоҷикистон” Хусрав Маҳмадуллозода, сардори шӯъбаи банақшагирии даромадҳои давлатии шаҳри Бохтар дар мавзӯи “Таҳлили сарчашмаҳои андоз дар шаҳри Бохтар” ва Ҷумахон Саидалиев, сармуҳосиби фонди нафақаи вилояти Хатлон дар мавзӯи “Таҳлили нафақа дар вилояти Хатлон” баромад намуданд.