Имрӯз дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав Файзалӣ Қурбонов бо донишҷӯёни гурӯҳҳои 105-107- и факултети математика – информатика дар мавзӯи “Методҳои тарбия” дарси кушод гузаронид, ки дар он Саид Холматов, корманди Раёсати таҳсилот ва омзӯгорони кафедра иштирок доштанд.

Ҳар як қисмати дарс аз қабил баёни мавзӯъ, мустаҳкамкунӣ, тарзи корбарии омўзгор бо хонандагон мутобиқ ба принсипи омӯзгори ба роҳ монда шудааст.
Омӯзгор Файзалӣ Қурбонов, зимни баргузории даср ба донишҷӯён мафҳуми методро шарҳ дода, зикр кард, ки метод истилоҳи юнонии methodos буда, дар забони тоҷикӣ маънои роҳ, тарз ё равишро дорад. Методҳои тарбия дар педагогика тарзи ба тарбиятгирандагон ташаккул додани тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ, эстетикиро, ки ҳангоми раванди таълим ва раванди тарбия ба вуқӯъ мепайвандад, фаҳмида мешавад.
Воситаҳои тарбия иборат аз ашёҳои намоишдиҳӣ, суратҳо, филмҳо, слайдҳо, чорабиниҳо ва шаклҳои кори тарбиявӣ, маҷлис, ахбор, сӯҳбат, мубоҳиса, вохӯрӣ, шабнишинӣ машғулиятҳои таълимӣ, маҳфилҳо, озмунҳо ва олимпиадаҳо мебошад.
Ба донишҷӯён оид ба методҳои ташкили фаъолият, алоқа, таҷрибаи рафтори ҷамъиятӣ, методҳои назорат, худназоратӣ ва худбаҳодиҳӣ ба фаъолият ва рафтор, методҳои ҳавасмандгардонӣ ва маҳкумкунӣ фаъолият ва рафтор ва методҳои ташаккули шуури шахсиятро ба тарзи ҷолиб фаҳмонид.