Имрӯз 14-уми апрели соли 2021-ум бахшида ба 110 солагии устод Мирзо Турсунзода дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ” баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Cухани ифтитоҳиро Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим оғоз намуд. Зимни суханронии худ зикр намуд, ки устод Мирзо Турсунзода шоири нуктасанҷ ва маъниофаре мебошад, ки дар офаридаҳояш тахайюли фиребо, тасвирҳои бикр, андешаҳои ҳакимона, забони шевову сода, қолабҳои сабуку хуштанин бараъло эҳсос мегардад.
Дар ин баробар Искандар Икромов, профессори кафедари адабиёти тоҷик дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода ва баъзе масъалаҳои фолклоршиносии тоҷик”, Рустам Тағоймуродов, профессори кафедраи адабитёи тоҷик дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода ва мухтассороти шеъри ӯ”, Қудратулло Наимзода, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзӯи “Андешаҳои инсондӯстона дар шеъри Мирзо Турсунзода” ва Сафармад Аҳмадов, мудири кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзӯи “Симои зан дар тасвири Мирзо Турсунзода” баромад намуданд.
Пас аз анҷоми бахши ҷаласаи ифтитоҳӣ масъулони бахшҳои дигари конференсия, соати 14:00 оғози бахши адабиётшиносӣ зери роҳбарии Рустам Тағоймуродов иборат аз 19 мавод ва бахши забоншиносӣ зери роҳбарии Ҷаббор Саидов иборат аз 5 мавод мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ