Маҳфили донишҷӯёни кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ бо номи “Иқтисодчии ҷавон” баргузор гардид. Дар маҳфил декани факултети иқтисодӣ Пайрав Раҳимзода, муовини декан оид ба таълим М. Эрматов, муовини декан оид ба илм ва инноватсия Х. Ҷураева, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ М. Холназаров, мудирикафедраитаҳлилииқтисодӣ ва аудит Б. Шодиев, мудири кафедраи молия Б. Наимов иштирок намуданд.
Дар махфили мазкур донишҷӯён дар мавзӯҳои“Баҳисобгирӣ ва таҳлили буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Баҳисобгирии фаъолияти хоҷагии молиявии корхона” маърӯза карданд.