Субҳгоҳон садои ҷорӯби кӯчарӯбон агар дар шаҳр сокинонро аз хоби ноз бедор кунад, дар дохили донишгоҳ садои ҷорӯби модарони меҳрубон ба мисоли тори хушнавоз ба ҳар шахси воридгардида «хуш омадӣ ба даргоҳи илму маърифат» гӯён садо мезананд. Ҳар тори садои ҷорӯбашон ҳазорон розу ниёз бо худ дорад. Мутаассифона, на ҳар кас ба қадри заҳмати онҳо мерасад. Воқеан, меҳнату заҳмати ин модарон шоистаи таҳсину офарин аст.

Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зиёда аз 6 нафар бонувон ба ҳайси ҳавлирӯб фаъолият доранд. Ин бонувон бо хоксориву хислатҳои нек ва меҳнатҳои босидқашон миёни кормандон ва муҳассилини донишгоҳ шинохта шудаанд. Зимни суҳбат бо мо Гулмоҳ Маҳмадшоева, ки муддати 20 сол аст дар донишгоҳ ба ҳайси ҳавлирӯб фаъолият дорад, иброз намуд, ки ҳама инсонро зарур аст ба тозагии худ ва муҳити зист эътибор диҳад.
Новобаста аз вазифадор будан, ҳар як нафарро мебояд, ки дар тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зисти хеш масъулият дарк намояд. Корманди дигари хоҷагӣ Фирӯза Шарофова иброз дошт, ки меҳнат инсонро миёни ҷомеа соҳибобрӯ ва иззатманд мегардонад, махсусан агар он ба нафъи ҷомеа, ба хотири ободкориву созандагӣ бошад.
Мо ҳар субҳ маҳз ба хотири покизагӣ ва ободии муассиса ба кор омада, кӯшиш мекунем, ки саҳни донишгоҳ ҳамеша тозаю озода ва бо гулҳои мавсимӣ ороиш дода шуда бошад. Ҳар ғунчаи гуле, ки ба шукуфтан оғоз мекунад, шодии зиёдеро дар дили мо фароҳам меорад. Меҳнат кардану самараи кори худро бо чашм дидан ҳаловати махсус дорад ва инро танҳо нафароне эҳсос мекунанд, ки пайваста ба нафъи ҷомеа меҳнати софдилона мекунанд. Бешак, метавон гуфт, ки ин зумра бонувон бо меҳнати ҳалолу хастанопазирашон ба дилу дидаи мардум ҷой гирифтаанд. Ин ҳама аз масъулиятшиносу меҳнадӯст будани эшон дарак медиҳад.
Месазад, ки ба фаъолияти ҳаррӯзаи ин модарони меҳрубон, ки ободию тозагии гирду гӯшаи донишгоҳро ба дӯш доранд, аҳсан хонд, зеро тозагии муҳити муассиса маҳз аз кори бо сидқ анҷомшуда, фаъолияти густурдаи онҳо дар роҳи муваффақиятнок вобаста мебошад. Ҳар яки моро зарур аст, ки аз рӯи адолату инсоф ба қадри заҳматҳои кормандоне ки дар тозагиву ободонӣ ва сабзу хурамгардонии саҳни донишгоҳ саҳм мегузоранд, бирасем, фаромӯш насозем, ки тозаю озода нигоҳ доштани ҷойи кору таҳсил нишони маърифати баланди мост. Мо аҳли эҷоди рӯзнома ба ин бонувони меҳнатдӯсту заҳматқарин дар фаъолияти минбаъдаашон низ барору комёбӣ орзумандем.

Шаҳноза АСОЕВА, «Фурӯғ»