Солҳои охир нисбат ба илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи Маорифи кишвар назаррас буда, тамоми муаасисаҳои таълимӣ бештар илмҳои дақиқро мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд. Кимиё – илм дар бораи таркиб, сохт, хосиятҳо ва табдилёбии моддаҳо мебошад. Кимиё ва ё химия ин соҳае мебошад, ки дар бораи элементҳои гуногуни ҳаёт мебошад. Химия ин яке аз фанҳои мактабӣ ба шумор рафта, таълими он дар мактаб ҳатмист.

Пайдоиши илми химияро ба давраҳои хеле дури таърихи инсоният, ки бори нахуст оташро ҳосил намуд, баробар мекунанд. Аз ин лиҳоз, химия ё кимиё таърихи чандин ҳазорсола дорад. Кимиё таркиби сифатӣ ва миқдории моддаҳоро муайян менамояд. Таркиби сифатӣ нишон медиҳад, ки моддаи додашуда аз кадом элементҳои химиявӣ иборат мебошад. Таркиби миқдорӣ бошад, дар кадом таносубҳои миқдорӣ мавҷуд будани элементҳои моддаҳоро нишон медиҳад. Масалан, гази карбон (СО2) аз атомҳои карбон ва оксиген иборат мебошад. Ин молекула миқдоран бошад, аз як атоми карбон ва ду атоми оксиген таркиб ёфтааст. Химия асосан дар шакли илми амалӣ арзи ҳастӣ менамояд. Ба ин васила тилло, нуқра, мис, оҳан, пӯлод ва роҳҳои ҳосил намудани онҳо кашф карда шуданд.
Дар замони муосир илми химия бо суръати баланд инкишоф меёбад, ва дар ин замина бисёр кашфиётҳои назаррас ба даст омаданд.
Фатҳулло БОҲОДУРОВ,
донишҷӯи курси сеюми факултети химия ва биология