Имрӯз 17-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети техникӣ – технологӣ маҷлиси падару модарони донишҷӯёни курсҳои 1,2,3-юм баргузор намуд.
Маҷлисро декани факултет Файзиддин Муродов оғоз намуда, баргузории ин чорабиниро барои таҳкими робитаи оила бо муассисаи таълимӣ муҳим ҳисобид.
Аз падару модарон хоҳиш карда шуд, ки барои сари вақт ба дарс ҳозиршавӣ ва риояи пӯшидани либоси тавсиявии фарзандонашон ҳамеша зери назорат гиранд.