Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони мактаби олиро вазифадор менамояд, ки таълиму тарбияи ҷавононро мувофиқи талаботи имрӯзу фардо ба роҳ монда, шогирдони сазовори давру замонро ба камол расонанд.

Маълум, ки дарсе замонавӣ ва ҷавобгӯи талаботи рӯз ҳисобида мешавад, ки дар он омӯзгор аз нақши фармонфармою амрдиҳанда даст кашида, мавқеи маслитҳатгар, роҳбаладу доварро ишғол мекунад, роҳҳои ҳалли барномаҳоро гӯшрас карда, шогирдонро бо афкори илмӣ шинос мекунад, онҳоро ба мубодилаи афкор даъват мекунад, дар роҳи ҳалли масъалаҳо ва хулосабарориҳо саҳмгузорӣ мекунад, ба шогирдон чун шахсиятҳои баркамол муносибат менамояд, дар онҳо сифатҳои хуби инсониро ташаккул медиҳад, роҳҳои сарфа кардани вақту қувваи худ ва шогирдонашро ҷустуҷӯ менамояд, дар шогирдон хисси масъулиятшиносию ҳақиқатнигориро мепарварад, худбаҳодиҳӣ ва қадркунии шахсияти дигаронро меомӯзонад, мустақилият ва мулоҳизарониро ривоҷ медиҳад ва дарсро дар алоқамандӣ бо ҳаёти имрӯза мегузаронад.
Талаби беҳтаргардонии дарс ин аст, ки варианти беҳтарини унсурҳои он – вазифа, мазмуну мундариҷа, усулу восита ва шаклҳои таълим интихоб карда шаванд. Алҳол даҳҳо намудҳои нави замонавии дарс дар амалияи макотиби олӣ мавҷуданд. Машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ (семинарӣ), машғулиятҳои лабораторӣ, дарс-конференсия, дарс – экскурсия барин чандин намудҳои дарс авҷуданд, ки ҳамаи онҳо ба як мақсад равона карда шудаанд: ба донишҷӯён омӯзонидани асосҳои илм, ҳаматарафа тарбия кардан ва ба ҳаёти мустақилона тайёр кардани онҳо. Яке аз намудҳои хеле самарабахши дарси мактаби олӣ, ки ман аз он фаровон истифода мебарам, додани маълумотҳои назариявӣ (ё ки дарси лексионӣ) аст.
Лексия оҳанрабоест, ки ҳастии донишҷӯ, ақлу хиради ӯро ба худ мекашад: ба донишҷӯ заковату эҳсосоти пок ва рӯҳи тару тоза мебахшад ва дар он роҳи ҷустуҷӯ кардан, таҳқиқ намудан, муҳокимаю мулоҳиза фармудан, далел овардану хулоса бароварданро тарбия мекунад ва амалӣ мегардонад. Ба воситаи лексия донишҷӯ маълумотҳои дурусти хулосавӣ мегирад ва дуруст истифода бурдани онҳо ба ӯ имкон медиҳад, ки ба бисёр масъалаҳои мушаххаси дар ҷараёни дарс пайдошаванда ҷавоб ёбад.
Лексия ахбороти заруриро ба донишҷӯ дода, барои ҷустуҷӯ ва ҳалли як қатор проблемаҳои методӣ роҳ мекушояд. Дар баъзе мавридҳо ба донишҷӯ роҳ ва усули ҳалли проблема (масъалае, ки методи ҳаллаш ҳанӯз маълум нест) ба таври умумӣ кушода дода мешавад; дар баъзе ҳолатҳои дигар проблема фақат гузошта мешавад ва ҳалли он ҳангоми иҷрои кори мустақилона (дар дарсҳои амалию лабораторӣ) ҷустуҷӯ карда мешавад.
Ҳамин тариқ, дарси лексионӣ асос ва воситаи муҳими ташаккули тафаккури мантиқӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ – методии донишҷӯ мебошад, ки ба туфайли он якҷоя бо машғулиятҳои амалӣ донишҷӯ дар бораи шаклҳои асосии таълим, метод ва воситаҳои таълим, қонуниятҳои инкишофи тадриҷии дохилифаннӣ, тағйироту такомулоти ҳарвақтаи он маълумоти ҳаматарафаи назариявӣ ва амалӣ ҳосил менамояд ва дар кори амалияш фикри худро бемалол баён карда метавонистагӣ мешавад.
Агар омӯзгор ҳангоми лексия моҳияти масъаларо кушода надиҳад, хулосаҳои зарурии илмӣ набарорад ва лексияаш бе далелу бемантиқ бошад, исботу далелҳо яктарафа ҳал гардида бошанд, ниҳоят, тарзи баёни ӯ мутаассир набошад, вай аз байни шогирдон ягон нафар мухлис ҳам пайдо карда наметавонад. Аз ин ҷиҳат, ташкилу гузаронидани дарсҳои лексионӣ дар аудитория кори басо мураккабест ва аз омӯзгор заҳмату машаққати зиёдеро талаб мекунад, ки ин, аз як тараф, ба маҳорату серталабии худи ӯ сахт алоқаманд бошад, аз тарафи дигар, ба донишу кунҷковии ҳайати аудитория низ вобаста мебошад.
Талаботи номбурдаро ба асос гирифта, аксари дарсҳоямро ба тариқи зайл мегузаронам: баробари ба синф ворид гаштан ба муддати 2 – 3 дақиқа маълумоти навбатдорро дар хусуси давомот ва ба дарс тайёр будани донишҷӯён мешунавам. Сипас, дар 3 – 4 дақиқа ахбороти сиёсӣ гузаронида мешавад, ки онро ё навбатдор ё донишҷӯи муттасадӣ (ахборчӣ) ё худам мегузаронам.
Сонӣ, аз варақаҳои дидактикӣ, ки дар онҳо санаҳо, мафҳумҳои асосӣ, ному насаби шахсони бузурги таърихӣ ва ғайра навишта шудаанд, истифода бурда, лаҳзаи «фаъолгардонӣ» мегузаронам. Ин лаҳза 4 – 5 дақиқаро дар бар гирифта, донишҷӯёнро ба дарс тайёр мекунад. Баъд ба тахтаи синф мавзӯи нав ва нақшаи муфассали баёни онро сабт менамоям, ки шогирдон ҳам онро дар дафтарашон қайд менамоянд. Пас, дар муддати муайян мавзӯъро баён мекунам.
Дар рафти лексия санаҳои асосӣ, далелу рақамҳои муҳимро таъкид карда, ба тахтаи синф менависам, ки донишҷӯён ҳам дар як вақт ба дафтарашон сабт менамоянд. Баъди баёни мавзӯъ бо истифодаи китоби дарсӣ, васоитҳои ёрирасони таълимию методӣ ва варақаҳои дидактикӣ дар давоми 9-10 дақиқа доир ба мавзӯи нав кори мустақилона мегузаронам.
Сонӣ, мустаҳкамкунӣ, такрор ва хулосабарории мавзӯъ ба воситаи варақаҳои дидактикӣ, пурсиши умумиву фардӣ мегузаронам, ки 7 – 8 дақиқаро дар бар мегиранд. Вақти боқимондаро ба хотиррасонкунии масъалаҳои асосии мавзӯи нав, такрори мавзӯъҳои гузашта, хулосабарориҳо, муайян кардани дараҷаи азхудкунии донишҷӯён ва муҳокимаи он, супориши мустақилонаи хонагӣ мебахшам. Аксар вақт донишҷӯён ба ҷавобҳои худ ва рафиқонаш баҳо пешниҳод мекунанд.
Ақида дорам, ки як қисми донишҷӯён (маҳз дар шароити кунунӣ) дар хона хеле кам мустақилона кор мекунанд. Аз ин рӯ, қобилияту шавқу завқи шогирдонро ба эътибор гирифта, ба онҳо супориши мустақилонаи хонагӣ месупорам. Масалан, агар ба донишҷӯёни дараҷаи азхудкуниашон пастбуда хондани як қисми мавзӯъро аз адабиёти асосии дарсӣ супорам, ба донишҷӯёне, ки мавзӯъро асосан аз бар кардаанд, мутолиаи адабиёти иловагиро мефармоям ва ғайра.
Дар ниҳояти кор мо омӯзгорон вазифадорем, ки роҳҳои ғайристандартии таълимро биҷӯем, воситаҳоеро истифода намоем, ки бо ёрии онҳо донишҷӯён маълумотҳои навро мустақилона аз бар намоянд. Замон дар ҳоли пешравист ва ин вазъ талаб мекунад, ки мо дар раванди таълиму тарбияи мутахассисони оянда ҳамқадами замон бошем, дар акси ҳол қафо мемонем. Дар ҳоле ки ҷомеаи имрӯзаи мо ва бахусус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тақдири насли наврасро ба омӯзгор супурда, ба ӯ умед мебандад, бояд ҳар омӯзгор ба ин боварӣ сазовор бошад, то ин ки бар ивази хизмат дар оянда санги маломат ба сараш нарезад.
Ҷ. ШАРИФЗОДА,
Профессор