Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати «Дарҳои боз»-ро интихоб намуда, ҳоло бо беш аз 170 давлати ҷаҳон ҳамкориҳои судманди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дорад. Дар доираи қабули ин Созишномаву робитаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаву сеҷониба бо кишварҳои олам баста шуда, дар мадди аввал масъалаи сулҳу суботи сартосарӣ қарор доранд. Хушбахтона, маҳз бо талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу ваҳдати комил пойдор буда, вазъи некуаҳволии зиндагии сокинон рӯз ба рӯз беҳтар гардида истодааст. Ҳоло тамоми сокинони мамлакат дар фазои орому осуда дар соҳаҳои гуногун фаъолияти пурсамар доранд.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик ҳамеша барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва хоки поки муқаддаси худ талош намуда, ба ояндагон мулки ободу зебо ба мерос гузоштааст. Аммо бархе аз халқу миллатҳо ба сарзамини тоҷикон лашкаркашӣ намуда, ин мулки файзборро ғорат карда ба халқи тоҷик зиён расонидаанд.

Чанде пеш раиси Кумитаи амнияти милии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар изҳороти худ вобаста ба мавзеъи Ворух андешаронӣ намуда, онро ҷазирақаламрав гуфтаастки он асоси воқеӣ ва таърихӣ надорад. Тибқи сарчашмаҳои боэътимод ин мавзеъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик тааллуқ дорад. Яксаду панҷоҳ сол қабл мардуми қирғиз гову гусфандони худро ба ин мавзеъ барои чаро меоварданд ва оҳистаҳиста дар ин минтақа манзил бунёд намудаву ин заминро мулки худ эълон намуданд. Камол Раҳим ходими калони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мақолаи худ «Ворух ҳеҷ гоҳ ҷазирақаламрав набуд» («Хатлон», 13.04.2021, №19 (3308) бо далелҳои радношаванда ин масъаларо таҳлил намуда, хулосаҳои дурусти илмӣ баровардаастМавсуф оид ба мансуб будани заминҳои Ворух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз харитаҳои ҷуғрофии солҳои 1939 ва 1947 истифода намудааст. Тибқи ин харитаҳо хурдтарин ҷузиёти ҳудудии Тоҷикистон, аз ҷумла Ворух ҷазирақаламрав набудабалки дар хоки якпорчаи ноҳияи Исфара дохил мебошад, зикр шудааст. Бо вуҷуди мисолҳои радношаванда имрӯз баъзе аз манфиатҷӯён ин масъаларо тобиши сиёсӣ дода, муносибати Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистонро сард карда истодаанд. Ворух хоки поку муқаддаси барои ҳар фарди бонангу номуси миллати тоҷик буда, ба он ҳамеша арҷ мегузоранд. Ин гушаи кишварро мардуми ватандӯсти кишвар чун гавҳаракаи чашм ҳифзу қадр намуда, ба наврасону ҷавонони оянда онро ба мерос мегузоранд.

 

Мо мардуми сулҳҷӯю хирадпешаи тоҷик ҳеҷ гоҳ ҷонибдори низоъ миёни давлату кишварҳо нестем. Боварӣ доремки ҷонибҳо пеш аз ҳама масъалаи муносибати ҳамсоядориро ба инобат гирифтаин қазияро бо роҳи мусолиҳа ҳаллу фасл менамоянд.

Сангимурод Шарипов,

номзади илмҳои филологӣ,

саромӯзгори кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав