Имрӯз 23-юми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмию назариявии устодону донишҷӯён бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи илми тоҷик бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканҳои факутетҳо ва мудирони кафедраҳо баргузор шуд.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ бо сухани ифтитоҳӣ кори конференсияро оғоз намуд.
Гуфта шуд, ки ҷустуҷӯи илм ва дар амал татбиқ гардонидани он дар ҳама давру замон нерӯи тавоно, пуриқтидор ва наҷотбахши иҷтимоъ маҳсуб меёфт. Инсони соҳибхирад бо ниҳоди офаранда ва ғановатмандии сиришти ботинӣ маҳз, тавассути илму дониш, ақлу хирад рушд ёфта, ба ин васила нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгорро комёб шудааст. Аз ин ҷост, ки низому пешрафти иҷтимоъ, таъмини амният, сулҳу субот, бунёдкориву созандагӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии башар ба нерӯи илм ва фазилати инсон алоқаманд мебошанд.
Ректори донишгоҳ зимни баромади хеш зикр намуд, ки тайи се соли охир 60 нафар устодон рисолаҳои илмии худро бомуваффақона дифоъ намуданд. Инчунин, дар донишгоҳ конфренсияҳои илмиву амалӣ баргузор гардид. Корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯйи 45 равия сурат гирифтааст, ки зиёда аз 70 мавзӯъро дарбар мегирад. Олимону устодони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмияшонро дар 984 номгӯи кор, аз ҷумла 49 номгӯи рисола, дастур, васоити таълимӣ ва барномаҳо, 4 монография, 188 номгӯи мақолаҳо ҷамъбаст кардаанд ва дар конференсияҳои байналхалқиву ҷумҳуриявӣ 241 мақола ва иловатан дар конференсияҳои дохилидонишгоҳӣ бошад 502 гузориш намуданд.
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар суханронӣ баён доштанд, ки донишгоҳ дар асоси рейтинги муайяннамудаи Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин дохил гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки тибқи пешниҳоди ҳайати тадорукоти конференсия 593 маърӯзаи устодон ва 701 маърӯзаи донишҷӯён ҳамагӣ 1294 маърӯза (аз ҷумла панҷ маърӯзаи пленарӣ) пешниҳод карда шудааст. Ин нишондод нисбати соли гузашта 174 маърӯза дар умум зиёд мебошад.
Дар конференсияи мазкур Абдукибор Гадозода, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзӯи “Истиқлолият бузургтарин ва муқадастарин ҷашни миллӣ”, Абдурасул Сатторов, профессори кафедраи алгебра ва геометрия дар мавзӯи “Ақидаҳои олимони асримиёнагии Осиёи Миёна оид ба таълими геометрия, Раҷабалӣ Худоёрзода, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик дар мавзӯи “Жанри ғазал дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода”, Диловар Саидзода, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Кибертерроризм ва киберэкстремизм ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ” ва Парвиз Ятимов дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ дар мавзӯи “Коркарди маъданҳои боросиликатӣ бо таъсири гази хлор ва хлоридҳои сурфур дар ҳарорати паст” маърӯза карданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ