Дар майдончаи ҳарбии варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди Абдураҳмон Зоиров, ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзӯи “Унсурҳои взвод ва омӯзиши онҳо” дар курси 3 – юми ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар ин дарс омӯзгорони кафедраҳои марбутаи факултети педагогика ва варзиш иштирок намуданд.