Имрӯз 23-юми апрели соли 2021 дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таҳлили вазъи соҳаи маориф дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Вазири маориф ва илм, муовинони вазир, муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, дигар роҳбарони муассисаҳои соҳавии вилоятӣ иштирок доштанд.