Имрӯз 24-уми апрели соли 2021-ум бо ибтикори рӯзномаи “Хатлон”- нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ифтихори 110 -солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода озмуни эҷодӣ барои беҳтарин эссе дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода – шоири ваҳдатсаро” бо донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи он Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи Хатлон, Илҳомҷон Қодирӣ, мушовири ректори донишгоҳ, Меҳрубон Назаров, декани факултети филологияи тоҷик, Дилором Маҳкамова, мудири кафедраи рӯзноманмгорӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар озмун  27 нафар донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз ташкилу баргузории ин озмун пеш аз ҳама дарёфти журналистони ҷавони соҳибқалам ва ҷалби онҳо ба матбуот мебошад.

Дар охир, бо пешниҳоди ҳакамон Баротова Фарида, донишҷӯи курси дуюм бо дипломи дараҷаи I, Ҷасури Қиёмиддин, донишҷӯи курси якум бо дипломи дараҷаи II ва Муддинов Шамсулло, донишҷӯи курси сеюм бо дипломи дараҷаи III сарфароз гардонида шуд. Дар ин баробар Бобоҷонова Сомона, донишҷӯи курси сеюм, Хоҷаев Абдулло, донишҷӯи курси якум ва Сатторова Шабнам, донишҷӯи курси сеюм бо Сипоснома қадр гардиданд. Ҳамчунин, ба онҳо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳо супурда шуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ